logo

ҳуқуқ

ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМӢ. ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ 73 - ЮМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар ин ҷаласаи муҳим роҳбарони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи масъалаҳо оид ба ҳамкории бисёрҷониба дар самти мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вазирони мудофиа вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ дар сарҳадҳои ҷанубии иттиҳодро баррасӣ карда, оид ба таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.
Бо назардошти вазъи кунунӣ дар марзҳои ҷанубии иттиҳод ҳолат ва зарурати рушди ҳамкории ҳарбӣ миёни кишварҳо баҳогузорӣ шуда, нақша ва тадбирҳои муштараки ҷавобӣ барои ояндаи наздик пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, вазирони мудофиаи кишварҳои узви иттиҳод нақшаи чорабиниҳои муштараки неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои ҳавоиро барои соли 2018 тасдиқ намуданд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиа вобаста ба самти асосӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил намудани ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозӣ кардани таъминоти муҳандисӣ дар  Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои узви ИДМ, истифодаи муштарак аз алоқаи кайҳонии таъйиноти ҳарбӣ, ҳамкорӣ дар бахши омодагии ҷисмонӣ, таъсис додани ассотсиатсияҳои миллӣ оид ба бозиҳои артишӣ ва муттаҳид кардани онҳо дар Ассотсиатсияи байналмилалии бозиҳои артиш қарорҳои дахлдор қабул  шуданд.
Қарор карда шуд, ки байни хадамоти топографии неруҳои низомии кишварҳои узви ИДМ ҳамкорӣ ва мусоидати касбӣ ҷорӣ карда шавад. Вазирони мудофиа, ҳамчунин, ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти таъминоти иттилоотӣ қарор қабул карданд, ки дар назди Шӯрои вазирон Кумитаи ҳамоҳангсоз  оид ба масъалаҳои таъминоти иттилоотии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иттиҳод тасъис дода шавад. Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз  оид ба масъалаҳои таъминоти иттилоотӣ аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои мудофиа якдилона дастгирӣ карда шуд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2017    №: 215    Мутолиа карданд: 1801
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед