қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 10 октябри соли 2017, № 474, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 203
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 203 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот (минбаъд – Қоидаҳо) шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоотро муқаррар ва тартиби таъмини онҳоро муайян мекунанд.»;
- дар банди 2 калимаи «онҳо,» ба калимаи «он» ва калимаҳои «шахсоне, ки ба онҳо сертификат ё шаҳодатнома дода шудааст, ташхиси асбобу дастгоҳ, ҳолат ё барномаҳои назоратӣ, ки ҳангоми интиқоли маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад ва барои ноил шудан ба мақсадҳои зайл равона карда шудааст, дар бар мегирад:» ба калимаҳои «ҳайати кормандон бо додани сертификат ё шаҳодатнома ба онҳо, ташхиси асбобу дастгоҳ, ҳолат ё барномаҳои назоратиро дар бар мегиранд ва барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 2 калимаҳои «иттилоотонӣ», «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» мувофиқан ба калимаҳои «иттилоотӣ», «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои якум ва панҷуми банди 2 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои якум ва ҳафтуми банди 2 калимаҳои «иштироки» ва «электромагнит» мувофиқан ба калимаҳои «иштирок» ва «электромагнитӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштуми банди 2 калимаи «шудааст» ба калимаи «шудаанд» иваз карда шавад;
- дар банди 3 калимаҳои «Мақомоти» ва «Сарраёсати» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми» ва «Саридораи» иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 4,5, ҷумлаи якуми банди 7, бандҳои 9, 10 ва 15 калимаи «Мақоми» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад;
- дар бандҳои 4 ва 5 калимаҳои «қаламравии» ва «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 6, 12 ва 13 калимаи «Сарраёсати» ба калимаи «Саридораи» иваз карда шавад;
- дар банди 9 калимаи «литсензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад;
- дар банди 14 калимаи «инспексионии» ба калимаи «нозиротии» иваз карда шавад;
- дар банди 15 калимаҳои «Акти», «акт» ва «инспексионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Санади», «санад» ва «нозиротӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди 16 калимаи «системаҳои» ба калимаи «системаҳо» иваз карда шавад;
- дар банди 17 калимаҳои «Сарраёсати» ва «инспексионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Саридораи» ва «нозиротӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди 18 калимаи «акти» ба калимаи «санади» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2017 №: 217 Мутолиа карданд: 2592