logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ҲУҚУҚӢ

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён  рӯзи  17 октябр дар шаҳри  Душанбе  бо  Прокурори генералии  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб мулоқот кард. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор  намуданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён аз нахустин имкони дидор бо меҳмони олиқадр Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ва ҳамроҳони ӯ изҳори хушҳолӣ карда, баён дошт, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконияти хеле зиёд доранд, то дар соҳаи амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла мусоидат ба таъмини амнияту субот дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба монанди терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд. Ҳамзамон, ҷонибҳо аз маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба пойдории волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ  ва рафти таъмини иҷрои барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди дуҷонибаи ҳамкориҳои мутақобилаи судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати расондани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, супурдани шахсони гунаҳгор барои ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукмҳо  табодули афкор намуданд.
Зимни гуфтугӯи судманд ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ҷиҳати  тавсеаи бештари яҳамкории дуҷонибаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи амалияи судӣ ва расондани ёрии ҳуқуқӣ иброз дош- та, изҳори боварӣ намуданд, ки якдигарфаҳмӣ миёни ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат ба ташаккули дурнамои муносибатҳои дӯстона манфиатбахш мебошад.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2017    №: 218    Мутолиа карданд: 1847
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед