logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ. ИШТИРОКИ НОБОЛИҒОН ДАР ОН КОҲИШ ЁФТААСТ

Дар  нуҳ моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 493 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 12,7 дарсад кам мебошад.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, бо зикри ин матлаб иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани талаботи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат аз ҷониби масъулони воҳидҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 8896 рейди муштарак гузаронда шуд. Дар натиҷа 493 ҷиноят ошкор ва сабт гардид. Маълум гашт, ки аз ҷумлаи шахсони  ҷиноятсодиркарда 70  нафарашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 436 нафарро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.
Мутаассифона, дар ин раванд маҳз аз бемасъулиятии падару модарон фарзандони онҳо даст ба ҷиноят задаанд. Чунончи дар ин давра 834  ҷиноят, аз ҷумла 126 ҷинояти монеъ шудан ба гирифтани таълими ҳатмии умумӣ, 8 ҳолати ҷалби ноболиғ ба содир намудани ҷиноят, 21 ҷинояти ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, 20 ҷинояти  бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 24 ҳолат ё 2,9 дарсад зиёд  мебошад.
Вобаста ба ин, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба падару модарон ва масъулони муассисаҳои таълимии мамлакат 13594 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст. Дар ин раванд нисбат ба онҳое, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд  иҷро накардаанд, ба маблағи  1170870 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 2198
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед