logo

порлумон

ЗАМИН. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАИ ОН СОДАТАР МЕШАВАД

Минбаъд барои ба низом даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, яъне ба ҷойи додани ду ҳуҷҷати тасдиқкунанда (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ) як ҳуҷҷат - Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.

Ин нукта аз ҷониби Азизмамад Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ироа гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Қонуни мазкур аз 20 марти соли 2008 мавриди амал қарор дошта, имрӯз барои мутобиқгардонии он ба талаботи Конститутсия, кодексҳои гражданӣ ва замин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ», инчунин, бартараф намудани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун, норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи мафҳуму ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, мусоидат ба таъмини риоя ва иҷрои қонунгузорӣ зарурият пеш омадааст.
Назар ба гуфтаи Азизмамад Каримзода, лоиҳа  масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида, барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро муайян менамояд. Ҳамчунин, масъалаҳои тартиби содагардонии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқулро низ ба танзим медарорад.
Тоҳир Ҷобирзода, вакили порлумон, иброз дошт, ки қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатгузориҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи гражданӣ ба роҳ монда шаванд ва минбаъд баҳсҳоро аз байн баранд. Дар сурати мавриди амал қарор гирифтани қонун  воридшавии хироҷҳо ба буҷет беҳбудӣ меёбад, хароҷоти иловагии беасос аз байн бардошта мешавад, шароити иҷтимоии соҳибмулкон беҳтар мегардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 3213
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед