logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – НЕЪМАТИ ҶАМЪИЯТӢ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун неъмати ҷамъиятӣ ва сармояи иҷтимоӣ, ки маҳз бо иқдоми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи майдон омадааст, дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ - иқтисодии дохилӣ ва умумибашарӣ (глобалӣ) омили гиреҳкушо хоҳад гардид.
Ин қонунро метавон чун нахустниҳод дар масоили танзиму назорати алоқаҳои иҷтимоӣ - фарҳангӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард. Ин ниҳоди расмӣ беш аз 10 сол аст, ки кор мекунад ва натиҷаҳои назаррасро ҳам додааст. Бояд таъкид намуд, ки ҳар як ниҳоди иҷтимоӣ – иқтисодии нав самараи (кумулятивии) занҷирии худро баъди солҳои муайяни тӯлонӣ хеле барҷаста  ба вуқӯъ меорад. Зеро  кулли ниҳодҳои нав бо таҳаввулоти шуурӣ - мафкуравии фардҳои ҷомеа, ки ин раванд хосияти эволютсионӣ дорад, вобаста аст. Аз ин лиҳоз, нақши ин ниҳод – қонуни танзимро дар ҷомеа метавон  ба тариқи зайл арзёбӣ намуд.
Якум.   Чи тавре ки дар боло таъкид шуд, қонуни танзим - ин ниҳод аст. Ниҳод бошад, ин қонун ва қоидаву меъёри фаъолият, умуман, майдонест, ки дар он фардҳо ва гурӯҳҳои ҷомеа дар низоми муайяни иҷтимоӣ - иқтисодӣ фаъолият мебаранд. Ба ибораи дигар, ниҳодро (институт) чун дастгоҳ ва таҷҳизоти иҷтимоӣ, ки низоми ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоии ҷомеаро ба ҳаракат медарорад, арзёбӣ кардан мумкин аст. Ниҳодсозиву ниҳод ва такмили  ниҳодиро дар адабиётҳои иқтисодӣ чун неъмати ҷамъиятӣ  (общественных благ) ва ё сармояи иҷтимоӣ арзёбӣ  мекунанд. Пас, сармояи иҷтимоӣ - ин алоқаву  муносибатҳои солими иқтисодӣ - иҷтимоӣ, маданию сиёсӣ ва такмили он аст, ки зери назорат қарор дораду барои бунёди арзишу нафъи иқтисодии иловагӣ шароити мусоид фароҳам меоварад ва изофаи истеъмоливу истеҳсолии ҷомеаро афзун мегардонад.
Аз ин лиҳоз, қонуни танзим чун як шакли неъмати ҷамъиятӣ ва ё  сармояи иҷтимоӣ ба рушди паҳлуҳои мухталифи ҷомеа суръат мебахшад. Он ба равандҳои таҳаввулоти шуурии фардҳои ҷомеа ва тарки одати мафкуравии кӯр-кӯрона неру бахшида, аз таассубкориву худнамоӣ, хурофот раҳоӣ мебахшад.
Дуюм. Қонун чун сармояи  иҷтимоӣ ба ҷомеа ва аъзоёни  он нафъи бузурги иқтисодӣ меорад. Нафъи  иқтисодии  ин ниҳодро, аллакай, мардум дарк ҳам кардаанд. Масалан,  бо ҳисоби одӣ пас аз қабул ва татбиқи  қонун хароҷоти   гузарондани хатнасур, тӯйи домодиву арӯсӣ аз 2 то 3 ва маросими  дафн то 3 маротиба  кам шудааст. Ин сарфаи хароҷот афзоиши  пасандозҳои шаҳрвандонро  дар бонкҳо,  харидани мошинҳои сабукраву  манзили истиқомат ва дигар амволи  ғайриманқули  онҳоро мусоидат намудааст. Умуман, дар тӯли солҳи  2000 - 2010 даромади пулии аҳолӣ аз 1004,6, млн. сомонӣ то 25569,8 млн. сомонӣ расидааст. Бояд таъкид кард, ки ҳар як ниҳоди нав татбиқи воқеии худро  дар мавриде пайдо мекунад, ки агар фардҳо  манфиатбардор бошанд ва ин манфиатҳоро  (асосан манфиатҳои иқтисодиро) амиқ дарк намоянд.  Ҳар як ниҳод (қонун) дигареро пурраву илова мекунад.
Таҳриру иловаҳо, ки имрӯз дар қонун ворид шудааст, аз талаботи воқеии мардум ба муҳимияти ин қонун ва самарае, ки дар гузашта ба даст оварда буданд, бармеояд. Яъне густариши ин қонун ва таҳияи механизми нави татбиқи он дар марҳилаи нав тақозои замон ва андешаи муосири мардум мебошад.
Татбиқу ҳимояи қонун бо эътиқоди ирода ва ҷуръати ҳар як фарди ҷомеа алоқамандӣ дорад. Дар ҷомеа мавҷе бояд ба вуқӯъ ояд, ки назорату муқовимати тарафайни  онҳо дар риояи қонун барҷаста гардад.  Ин вазъият бо рафтори рӯҳонии (психологии) мардум,  сатҳи ба вуқӯъ омадани гени ҳақиқатҷӯиву адолатхоҳӣ, умуман, бо зинаи камолоти ҷомеаи ҳуқуқбунёду шаҳрвандӣ алоқамандӣ дорад. Масалан, мардуми кишварҳои Ғарб, бахусус инглисҳову олмонҳо ҳатто камтарин қонунвайронкуниву қонунпоймолкуниро намебахшанд. Агар ҳамсоя ва ё хешовандони наздики онҳо ба қонунвайронкунӣ роҳ диҳанд, таъҷилан оид ба ин падида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд ва боҷуръат шоҳидӣ медиҳанд. Яъне дар қонуншиканӣ ва вайрон кардани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ рӯи хотир, истиҳола, умуман, ҷой надорад. Чунин ҳолат ва сатҳи рӯҳонии ҷомеа аст, ки дар он ҷо ҷомеаи шаҳрвандӣ зинаҳои баландро касб намудааст. Дар мо бошад, дар ҳар қонуншиканиву вайронкунии қоидаву меёри ҷамъият чашм пӯшидан, аз шоҳидӣ канора гирифтан, бештар вомехӯрад. Ҳамин тариқ, қонуни танзим аз як тараф, маҷбуркунии иҷтимоии корпоративӣ (коллективӣ), мавҷи иҷтимоиро дар ҳимояту татбиқи қоидаву меъёрҳо дар он муайяншударо рӯи кор меорад ва аз тарафи дигар, гурӯҳу тоифаҳои пешбари ҷомеа, мавҷҳои иҷтимоии  ратсионалиеро, ки воқеан, дар ҷомеа мавҷуд аст, дар ҳимоя ва амалӣ гаштани мазмуну муҳтавои қонун неру мебахшад.
Аброр МИРСАИДОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 1987
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед