logo

номаҳо

МУКОФОТИ "ИНТЕЛЛЕКТ" - РО ГИРИФТАМ

Ман, ки як тан аз мухлисони рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошам, ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешавам. Муҳаббати маро ба ин рӯзнома саҳифаи «Шоми шанбе»  боз бештар аз пештар афзуд. Матлабҳои он дар назар хурд менамоянд. Дар асл ҳар кадом як ҷаҳон маъниро дар бар мегиранд. Бар замми ин, бисёр ҷолибанд. Маълумоти зиёд медиҳанд.
Ғайри интизори мо чанд муддат аст, ки дар ин саҳифа зери рубрикаи «Интеллект» муаммоҳо ба табъ мерасанд. Муаммоҳо одӣ нестанд. Ҳаллашон дониш ва зиракиро хостор аст. Инчунин, касро вомедорад, ки ба бисёр сарчашмаҳо рӯ биёрад. Дар ҳақиқат, ба ин васила андеша таҳрик меёбад. Ба ҷуз ин ҳама, диққати моро ин навиштаҳо бештар ҷалб намуд: «Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад».
Ба ман мегуфтанд, ки ба чунин навиштаҳо, ҳеҷ бовар накунам. Чунон гуфтанду гуфтанд, ки ба он бовар ҳосил намудам. Аммо аз чанги муаммоҳои ҷолиб ҳеҷ раҳида натавонистам. Мехостам барои машқи тафаккур онҳоро ҳал бикунаму ба хотири санҷиши дурусташон ҷавобҳоро бигӯям.
Чанд рӯз пеш аз идораи рӯзнома тариқи телефон занг заданд ва гуфтанд, ки чун иштирокчии фаъол бо ҷавобҳои дуруст соҳиби мукофоти пулӣ гардидаам. Ба ман пули муқарраргардида, яъне 300 сомониро доданд. Ба ин восита ба масъули рубрика ва дигар кормандони «Ҷумҳурият» шинос шудам. Шукр мекунам ва ба аҳли эҷоди рӯзнома изҳори сипос менамоям. «Интеллект» як иқдоми хуби ҷалби хонандагони сершумори ин рӯзнома ба донишафзуист.
Саид КАРИМОВ, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 2386
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед