энергетика
ЭНЕРГЕТИКА. ТАТБИҚИ СТАНДАРТИ ҶАҲОНИИ ОМӮЗИШ
Бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос дар Тоҷикистон бо маблағи 34 миллион доллари ИМА лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш» татбиқ мегардад. Дар заминаи он дар соҳаи энергетикаи кишвар, хусусан дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар, стандарти ҷаҳонии омӯзиш ба роҳ монда мешавад.
Ин нуктаро Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни муаррифии лоиҳа ба рӯзноманигорон иброз дошт.
Аз ҳаҷми умумии маблағи барои амалишавии лоиҳа ҷудошуда 2 миллион доллар саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва боқимонда қарзҳои бебозгашт ва имтиёзноки Бонки осиёии рушд ва Хазинаи энергияи тоза мебошад. Омода намудани мутахассисони соҳаи энергияи сабз, методологияи таълим, барқарорсозии заминаҳои моддӣ - техникӣ, роҳандозии омӯзиши босифат ва мукаммал намудани сохтори таълимӣ аз ҳадафҳои асосии амалисозии лоиҳа маҳсуб меёбанд. Муҳлати амалисозии лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.
- Қаблан мутахассисони сатҳи миёнаи техникӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ омода карда мешуданд, вале бо мурури замон заминаҳои моддии омӯзишгоҳҳои мазкур заиф гашта, имкониятҳои техникии онҳо ба талаботи бозори меҳнат номувофиқ шуданд. Дар доираи амалишавии лоиҳа заминаҳои моддӣ - техникии 21 литсейи касбӣ, 7 маркази таълими калонсолон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар пурра барқарор шуда, барои омода намудани мутахассисон аз рӯи 17 ихтисоси ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда шудани корҳо беш аз 3 ҳазор нафар дар таълимгоҳҳои соҳавӣ таҳсил менамояд. Марҳилаи нахустини амалишавии лоиҳа дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба охир расид. Устодони донишкада дар доираи лоиҳа дар кишварҳои Чин, Туркия, Федератсияи Русия курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд, - гуфт Файзулло Зувайдуллоев, муовини ректори донишкада. Бино ба маълумоти мавсуф дар асоси амалишавии лоиҳа пойгоҳи моддӣ - техникии таълимӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳҳои донишкада пурра такмил дода шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҷаҳҳаз гардондани синфхона ва озмоишгоҳҳо дар кишвар соли 2015 маркази инноватсионӣ ва парки технологии донишкада бо маҷмӯи таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.
Дар озмоишгоҳҳои донишкада 46 номгӯй таҷҳизоти озмоишии истеҳсоли Русия мавриди истифода қарор дорад. Ҳамасола дар асоси шартнома донишҷӯён ва хатмкунандагони донишкада аз рӯйи ихтисос дар ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва неругоҳҳои барқӣ таҷриба меомӯзанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2017 №: 221 Мутолиа карданд: 17541