logo

ҳуқуқ

ЗАМИН. ҚОНУНШИКАНӢ БОЗ ЧАНД НАФАРРО ПАСИ ПАНҶАРА БУРД

Ҳарчанд дар самти назорати риояи қонунгузорӣ вобаста ба замин ниҳодҳои дахлдор чораҳои муассир ва таъхирнопазир андешида бошанд ҳам, мутаассифона, шахсони алоҳидае пайдо мешаванд, ки бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва фиреби мардум даст ба ҷиноят мезананд. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳ. Раҳимов, О. Б. Садриддинов, О. Х. Шарофутдинов ва С. Мирзоев дар суди ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳолатҳои харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳикоят мекунад.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералӣ, Ҳ. Раҳимов аз 1 декабри соли 1995 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистон  фаъолият  намуда, бо  истифода аз мақоми  хизматӣ  якҷо бо О. Садриддинов, И. Убайдов ва  дигарон, дар 73 ҳолат бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрвандон маблағи аз 400 то 15 000 доллари амрикоӣ, ҷамъ 245 500 доллар ва 13 500 сомонӣ пора гирифтаанд.  Онҳо дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо намудани қитъаи заминро надоранд, аз заминҳои  корами обии муассисаи номбурда ва кооперативи  тиҷоратии  «Озмоиш», воқеъ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Зайнабободи  ноҳияи  Рӯдакӣ,  ба ҳар шаҳрванд ба миқдори аз 0,03 то 0,45 гектар, дар маҷмӯъ 7,43 гектар қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ, барои сохтмони  хонаи истиқоматӣ ҷудо намуда додаанд.
Шахсони фавқуззикр кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, дар 53 ҳолат нусхаҳои фармонҳои директори Муассисаи давлатии  стансияи  давлатии  озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистон ва  қарорҳои  раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро дар бораи ба шаҳрвандон вобаста намудани қитъаҳои замин сохтакорона бо истифодаи техникаи компютерӣ омода намуда, ба онҳо додаанд. Ҳамчунин, Ҳ. Раҳимов бо  маслиҳати  пешакӣ бо Садриддинов ва Мирзоев  дар давраи солҳои 2012 - 2016 нуқтаи фурӯши гази моеъ, воқеъ дар шаҳраки  Камарови Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, анбори кооперативи тиҷоратии «Озмоиш» ва бошишгоҳи саҳроии кооперативи номбурдаро ба маблағи умумии 252 000 сомонӣ ва 17 500 доллари ИМА фурӯхта, аз ин маблағ ҳамагӣ 56 800 сомонӣ ба хазинаи кооператив воридот карда, боқимонда 195 200 сомонӣ ва 17 500 доллари амрикоиро азхуд намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, О. Х. Шарофутдинов аз 26 августи соли 2004 дар вазифаи муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо О. Б. Садриддинов 0,50 гектар қитъаи замини ҷамоатро ғайриқонунӣ ба ивази маблағҳои  пулӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, аз онҳо 19 500 доллар ба сифати пора гирифтааст. Ӯ 11 феврали соли равон барои ба шаҳрванд Х. В. Муминов аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ҷамоати зикргардида ғайриқонунӣ ҷудо намудани 0,8 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 12 000 доллар ба сифати пора талаб намуда, гирифтааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 5 октябри соли 2017,   номбурдагон тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, Ҳ. Раҳимов ба муҳлати  25 сол, О. Б. Садриддинов  24 сол, О. Х. Шарофутдинов 16 сол, И. Убайдов  5 сол ва С. Мирзоев  8 сол аз озодӣ  маҳрум  гардиданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 1929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед