logo

ҳуқуқ

ТАБЛИҒИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Таҳлили коршиносон ва натиҷаҳои пурсишҳои афкори омма собит намуданд, ки солҳои охир интернет дар баррасии мавзӯъҳои динӣ таъсири бештар дорад. Агар дар соли 2009 – ум 49,3 % пурсидашудагон ишора карда бошанд, ки ба саволҳои динӣ аз рӯҳониёни маъруф ва имомхатибон посух мегиранд, пас  дар соли 2016 шумораи онҳо то 9,7 % коҳиш ёфт,  вале теъдоди ашхосе, ки дар ин масъала ба интернет такя мекунанд, ба 42,9 % расид. Яъне дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ нақши интернет имрӯзҳо хеле фаъол шудаву назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст.
Дар гирифтани маълумоти ғаразноки динӣ нақши зиёд доштани ин воситаи  иттилоотӣ ташвишовар аст, зеро дар интернет на ҳамеша маълумоти динӣ холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мешавад.
Баробари густариши ҷомеаи иттилоотӣ таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди ташкили афкори омма пайваста густариш  меёбад. Расона ва технологияҳои иттилоотӣ абзори қавии «шустани мағзҳо» мебошанд, ки ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳҳои ҷомеаро тағйир медиҳанд ва танзим менамоянд. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундрав истифода мешаванд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Одноклассники», ҳамчунин, мессенҷерҳои «WhatsApp Viber Telegram» ва ғайра гурӯҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони «ДИИШ», «Ҳизбу-т-таҳрир», салафия ва ғайра фаъолона амал мекунанд. Зимни таҳлили қисми тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон истифодабарандагони онро аз нигоҳи меъёри тундрав будан ба гурӯҳҳои зерин тақсим кард.
Ба гурӯҳи аввал афроде шомил аст, ки таълими диниро дар кишварҳои хориҷӣ гирифтаанд ё дар кишварҳои хориҷӣ донишҷӯ мебошанд. Муҳтавои фаъолият ва маводи пешниҳоднамудаи онҳо ба масъалаҳои имонӣ ва фаризаҳои динӣ марбут буда, бештар суннат ва маросимҳои мардумӣ ва фаҳмиши суннатии исломро, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, зери танқид қарор медиҳанд ва онҳоро ба унвони «бидъат», «хурофот» ва «дур шудан аз исломи ноб» муаррифӣ менамоянд. Ба ақидаи онҳо, рӯҳониёни суннатӣ аз аслҳои исломӣ дур шуда, дар таҷрибаи худ ба сарчашмаҳои муътабари динӣ, яъне Қуръон ва суннат такя намекунанд. Намояндагони ин гурӯҳ гӯиё ба масъалаҳои сиёсӣ аҳамият надода, ба масъалаҳои динӣ машғуланд. Аммо ин дар зоҳир аст. Фаъолони гурӯҳ бо коҳиш додани эътибори рӯҳониёни исломи суннатӣ дар байни ҷомеаи кишвар, бахусус насли ҷавон, заминаҳоеро барои пазируфтани ақидаҳои тундрав эҷод мекунанд ва мо бояд ба ин роҳ надиҳем.
Ҷонибдорони ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро ва тундрав, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалӣ мамнӯъ эълон шудаанд, гурӯҳи дуюмро ташкил мекунанд. Вижагии аслии фаъолияти ин гурӯҳ он аст, ки онҳо аз ақида ва эътибори ислом барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ истифода мебаранд. Коршиносон медонанд, ки аксари ҷараёнҳои диние, ки аз номи ислом баромад мекунанд, дар асл барномаҳои бузурги қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошанд, ки ҳадафи онҳо аз байн бурдани амният дар кишвару минтақа барои расидан ба манфиатҳои сиёсии худ мебошад. Таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ, бавижа «Фейсбук» ва «Одноклассники» нишон медиҳад, ки намояндагони ҷараёнҳои динии ғайриқонунӣ ақида ва дидгоҳҳои худро ба таври ошкор баён медоранд ва аз неруву имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи онҳо истифода мебаранд. Бо истифода аз сатҳи пасти саводи динии аъзои шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони гурӯҳ тавонистанд ин шабакаҳоро ба майдони таблиғи ақидаҳои худ табдил диҳанд.
Таҳлили муҳтавои дидгоҳҳои гурӯҳ нишон медиҳад, ки намояндагони ин ҷараёнҳо ҳам исломи суннатӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиеро, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешаванд, намепазиранд. Зимнан, намояндагони ин гурӯҳҳо, бавижа «ДИИШ» ва «Ҳизбу-т-таҳрир» ниҳод, рамз ва нишонаҳои давлатӣ, масалан, марзҳои давлатиро қабул надоранд ва даъвои хилофати ҷаҳонӣ мекунанд.
Мушкилии таҳлил ва баррасии равандҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки онҳо хусусияти ҷаҳонӣ доранд. Масалан, намояндагони ҳаракатҳои мамнӯъ берун аз  кишвар қарор доранд ва фаъолияти худро бо истифода аз номҳои мустаор пеш мебаранд.
Ба гурӯҳи сеюм «Исломгароёни сиёсӣ», ҳамчунин, баъзе аз тарафдорони моделҳои гуногуни исломи сиёсӣ шомил мебошанд.
Метавон гуфт, ки дар даҳсолаи охир шабакаҳои иҷтимоӣ ба як неруи қавӣ барои ташаккули афкори омма ва зербинои муколамаи гурӯҳ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мубаддал гаштаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, бешубҳа, дорои таъсири мусбат дар фазои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ низ ҳастанд, аммо истифодаи онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротию тундрав метавонад таҳдиду хатарҳои нав барои амният ва манфиатҳои миллӣ, бавижа амнияти иттилоотӣ эҷод созад.
Дар ин росто, ҷанбаҳои иттилоотии таъмини амният ниёз ба истифода аз неруҳои зеҳнӣ ва технологияҳои навин барои тақвияти суботи давлат доранд. Дар ин самт натиҷагирӣ ва пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ менамоянд:
Ҷанбаҳои иттилоотии таъмини амният воситаи муҳими рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошанд. Дар шароити муосир ба ҷуз чораҳои манъкунандаи дастрасӣ ба муҳтавои фазои иттилоотӣ ҳеҷ талоши чашмрасе ба назар намерасад ва имкониятҳои содаи техникӣ ба осонӣ гузаштан аз ин монеаҳо барои корбарони фаъоли интернет вуҷуд доранд. Барои ин бояд аз неру ва имконияти мавҷуда дар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ барои омӯзиши пайвастаи вазъи таблиғи андешаҳои тундраву ифротӣ истифода барем, то ба масъалаи таҳлили муҳтавои фазои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз методология ва технологияҳои муосир аз ҷониби ниҳодҳои марбута таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.
Омӯзиши муҳтавои расонаҳои ватанӣ нишон медиҳад, ки он бештар хусусияти тасвирӣ дошта, маводи арзишманди таҳлилӣ камтар ба назар мерасад. Барои пешгирии таъсири ифротгароии динӣ ва тундгароӣ бояд ҳамкории расонаҳои миллӣ бо коршиносон ва марказҳои илмӣ-таҳлилӣ тақвият ёбад.
Бояд гурӯҳҳои доимоамалкунанда аз ҳисоби коршиносони соҳаҳои гуногун бо мақсади пайгирӣ ва таҳлили вазъи ифротгароию тундгароӣ таъсис дода шаванд. Ин равиш барои омӯзиши амиқи масъала ва андешидани чораҳои муносиб барои коҳиши сатҳи таъсири ақидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар афкори иҷтимоӣ имконият фароҳам меоварад.
Истифодаи неру ва имкониятҳои рӯҳониёни суннатӣ барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар роҳи мубориза бо таъсири ҷараёнҳои бегонаи динӣ ба афкори ҷавонон низ аз аҳамият  холӣ нест.
Ташкили фазои мусоиди иттилоотӣ барои коҳиши сатҳи ифротгароӣ дар байни ҷавонон тақозо мекунад, ки торномаҳои интернетӣ ва расонаҳои алоҳида барои тарғиби арзиш ва фарҳанги суннатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсис дода шаванд ва ин расонаҳо бояд маҳсулоти аудиовизуалии ҷолиб тавлид созанд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон таъсири ин гуна мавод дар байни ҷавонон пайваста дар ҳоли афзоиш аст.
Рустам АЗИЗӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 2091
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед