logo

ҳуқуқ

БОЗ ПАСИ ПАНҶАРА. ДАР БОРАИ МАҲБУСЕ, КИ БА ҚАДРИ ОЗОДӢ НАРАСИД

Суди ноҳияи Рашт сокини ноҳияи Нуробод Саидов Раҳмонҷон Абдураззоқовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 204, қисми 3 бандҳои «а, в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси кушодаи судӣ ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои Абдулҳаким Холиқзода, судяи суди ноҳияи Рашт, маҳкумшуда ба истеъмоли маводи нашъаовари навъи бангдона машғул будааст. Ӯ баъди истифодаи ин навъи маводи мухаддир тухмҳои онро ҷамъ намуда, дар доманакӯҳи қисми болои шаҳраки Дарбанд, дар мавзеи «Мулло-Ганҷ», кишт кардааст. 22 июли соли равон кормандони милитсия кофтукови шахсӣ гузаронда, аз ҷайбаш баргҳои ниҳолҳои бангдонаро дарёфт ва мусодира намуданд. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт дар натиҷаи тадқиқот ошкор сохтанд, ки номбурда дар мавзеи мазкур 12 ниҳоли навъи бангдонаро парвариш мекардааст.
Ба гуфтаи судя,  маҳкумшуда қаблан се маротиба суд шудааст. Ӯ 14 апрели соли 2009 бо моддаи 244, қисми 1 гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 6 моҳ, бо нигоҳ доштани даҳ фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин гардидааст. Бори дувум, 25 майи соли 2011 бо ҳукми суди ноҳияи Нуробод, моддаи 244, қисми 2, бандҳои «а, г» гунаҳгор ҳисобида шуда, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ аз озодӣ маҳрум шудааст. 5 ноябри соли 2012 бошад, бо моддаи 204, қисми 3, банди «г» гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъйин гардидааст ва 3 сентябри соли гузашта бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», аз 24 августи соли 2016, ба озодӣ баромадааст.
Суди ноҳияи Рашт бо сабаби он, ки Саидов Раҳмонҷон дар ҳолати такрорӣ (ретседивӣ) чунин намуди ҷиноятро содир кардааст, тибқи талаботи моддаи 58, қисми 5, банди «г» мувофиқи мақсад донист, ки охирин ҷазоро нисбат ба ӯ дар калонияи ислоҳии низоми сахт таъйин намояд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 1863
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед