logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АРА БАБЛОЯН

30 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбати самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон дар моҳи июни соли равон бадастомада, заминаи мусоид ва имконияти фарохеро барои рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатии манфиатбор фароҳам меоварад.
Дар ҳамин робита изҳори умед шуд, ки сафари Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонии Тоҷикистону Арманистон такони тоза мебахшад.
Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва равобити байнипарлумонию ҷамъиятӣ ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СММ, САҲА, ИДМ ва СААД фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Мусоҳибон таъкид доштанд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро беш аз 30 санад ташкил медиҳад, ки ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои гуногун ба танзим медароранд.
Мавқею назари ҳамсон ва ё наздики ду давлат дар бисёр масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир низ таъкид карда шуд.
Вобаста ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳамчунин, масъалаи таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ ва роҳҳои ҳалли сулҳомези муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои олам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 2028
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед