logo

номаҳо

ШУМО ҲАМ САЛОМАТ БОШЕД!

Мехоҳам тавассути гӯшаи «Шаҳрванд» дар бораи Қувваталӣ Тешаев нависам, ки ба дарди даҳҳо нафар дармон бахшидааст.
Вақте дар дафтари кориаш дар Маркази саломатии шаҳрии № 2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба варақаи таърихи бемориам муҳру имзо гузошту самимонаю бо чеҳраи хандон «Дигар ҳаргиз ба духтур муҳтоҷ нашавед!» - гуфт, дар як гӯшаи дилам нисбати эшон меҳру муҳаббате падид омаду нигоҳам ба чанд саҳифа – варақи дастнависи «сипоснома» - ҳо, ки рӯи ҳам дар кунҷи мизи кориаш меистод, афтод.
- Мумкин? - гӯён иҷозати хондан пурсидам.
- Марҳамат, инҳо розу ниёзи маъюбону беморонанд, - гуфт рафиқ Тешаев.
«Сипоснома. Ба табиби мушфиқу ғамхор Қувваталӣ Тешаев! Заҳматҳои Шумо ба кӯдаки маъюбам қуввату дармон, муносибату забони ширинатон ба ман – модар бошад, эҳтирому бовариро ба табибон даҳчанд афзун гардонданд. Шумо, ки ба беморон дармону умри дарозу  ҳаёти солим мебахшед, ҳамеша солиму бардам бошед. Баракат ба касбу коратон...». Аз номи модари кӯдаки маъюб Раъно Ашӯрова, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев, хонаи 45.
«Сипоснома» - и дуюмро мехонам: «Ман маъюби гурӯҳи дуюм. Аз дилсӯзию ғамхории фарзандвори Шумо як умр миннатдорам, табиби мушфиқ Қувваталӣ Ҳомидович! Дасти  шафқати Шуморо, фарзанди азизу меҳрубон, чи дар хонаву чи дар Маркази саломатии шаҳрии № 2 ҳамеша ҳис менамоям... Эй кош, муносибату дилсӯзию шафқати дигар табибон ҳам мисли Шумо бошанд. Таманно дорам, ки дасту дилат ҳаргиз дарду ғамро набинанд!». Ҷовид Аҳмадов, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 31, ҳуҷраи 30.
Мо ҳам ба ин таманниёту ниёзмандиҳо пайваста, ба табиби мушфиқу ғамхор, пажӯҳишгари унвонҷӯ (дар мавзӯи «Пешгирӣ ва табобати бемории фишорбаландӣ» таҳқиқот бурда истодааст), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваталӣ Тешаев, ки қариб бист соли умри хешро дар ҳифзи саломатии кӯдакон, маъюбон ва тарбияи касбии ҷавонон сарф намудааст, умри дарозу пурсамар ва дастовардҳои беназири касбию илмӣ орзумандем.
Карим  ДАВЛАТОВ,
нафақагир, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 3753
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед