logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. ҶИНОЯТКОРӢ 22, 2 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТААСТ

Дар нуҳ моҳи соли равон, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳо ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсей ва мактабу маҳаллаҳо, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт коҳиш ёфта, содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон то 22, 2 дарсад ва ҷавонон то 3, 7 дарсад паст гардидааст.
Ин матлабро сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, генерал - майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода дар вохӯрие, ки ахиран дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101 - и ноҳияи Сино бо иштироки сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, падару модарон, намояндагони ҷамоатҳо ва масъулони РВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуд.
Ба иттилои ӯ, дар ин муддат, аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаву корхона ва ҷойҳои истиқоматӣ 951 суҳбату вохӯрӣ гузаронда шудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо вуҷуди андешидани  тадбирҳои зарурӣ бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидон дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо гузаронда, ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул мешаванд. Танҳо дар ин давра, наздик ба 5 ҳазор ноболиғ кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ содир намуда, нисбат ба 540 нафаре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойи зист надоранд ва аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пойтахт омадаанд, мавод тартиб дода шуда, барои ҷобаҷокунӣ ба қабулгоҳ - таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ супурда шуданд.
Аз ноболиғони дастрасшуда 2824 нафарашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд. Сардори раёсат иброз дошт, ки ҳар як амалу кирдоре, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад, таъсири манфии худро дар ҳаёти ояндаи онҳо мегузорад. - Аз ин хотир, омӯзгорону волидон, аҳли ҷамоатчигиву хонандагон бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ амал намуда, баҳри тарбияи онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд ва пеши роҳи содиршавии ҳар гуна кирдору амалҳои номатлубро сари вақт гиранд, таъкид кард сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед