logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН, шаҳри Душанбе, 2 ноябри соли 2017

Муҳокимаи мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон идома ёфт. Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ташрифи меҳмони олимақомро боз як қадами муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ дар таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки давоми даҳсолаҳои охир равобити кишварҳо марҳилаҳои нави рушдро касб карда, барои таъмиқи ҳамкории ду давлат ва мардумони дӯст такони ҷиддӣ мебахшад. Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ арзёбӣ шуд.
Ба андешаи ҳар ду ҷониб, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, сохтмон, кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ боқӣ мемонанд. Ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон майли коҳишёбӣ дорад ва ба ҳолати аз январ то августи соли 2017 32 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмию техникӣ ва баргузории бизнес - форумҳо байни доираҳои соҳибкории ду кишварро барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ муҳим маънидод карданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи муколамаҳои сиёсӣ ва татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаи ҳамкорӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд. Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон - Туркманистон намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд. Дар соҳаи нақлиёт ҷонибҳо, ҳамчунин, ба масъалаи ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоии байни ду кишвар аҳамияти махсус зоҳир карданд.
Пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод макони бузурги баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла варзишӣ гардидааст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва мардуми туркманро барои муваффақона доир кардани Бозиҳои панҷуми варзишии Осиё, ки омили муҳими баҳамоии мардумон гардид, табрик гуфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ ва маорифро баррасӣ карда, баргузории рӯзҳои фарҳанги кишварҳоро омили муҳими таконбахши равобити дуҷониба маънидод карданд.
Дар охири мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амну субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон баён доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.
Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо гузоштанд.
Санадҳои дигари ҳамкорӣ:
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкориҳои дарозмуҳлати тиҷоратию иқтисодӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ;
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018 - 2020;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии “Эргаш Султонов”- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод;
Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон.
То имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод, акнун бо имзои санадҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи он ба беш аз 70 адад расид. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2017    №: 226    Мутолиа карданд: 2336
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед