logo

ҳуқуқ

АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛӢ

Яке  аз  муҳимтарин ва  муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрӣ ин қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор рафта, ормонҳои инсондӯстӣ, фарҳангсолорӣ, сулҳпарварӣ ва созандагии миллати сарбаланди тоҷикро дар меъёру мазмун ва муҳтавою муқаррароти худ ба таври равшану асоснок таҷассум намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар замони  нооромиҳои дохилӣ таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида бошад ҳам, аз нигоҳи мутобиқати мазмунӣ ва  ҳуқуқӣ ба меъёрҳои бунёди низоми давлатдории демократӣ, ки, пеш аз ҳама, ба таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд асос ёфтааст, сазовори баҳои баланди назарияшиносони соҳибэътибори сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.
Маҳз ба шарофати чунин ислоҳоту мукаммалсозии меъёр ва муқаррарот буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поя ё асоси мустаҳками ҳуқуқӣ ҳадафҳои рушду тараққиёти миллиро таъмин карда, бо назардошти пешрафти табии ҷомеа, тавсеаву мазмуну моҳияти нав пайдо намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи рукнҳои идоракунии давлатӣ  посухгӯи  ниёзи  замон ва ҳамқадами раванди созандагиву бунёдкории ватандӯстона гардид.
Аҳолии Тоҷикистон ҳамеша соҳиби маданияти волои қонунписандӣ ва дараҷаи баланди донишҳои ҳуқуқӣ будани хешро собит намуда, дар гиромӣ доштани ҳокимият ва волоияти қонун, муқаддас ва пуршараф будани риояи он, хусусан нисбат ба Конститусияи кишвари узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолона ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Зеро шаҳрвандони Тоҷикистон Конститутсияро дастури қонунманди ҳуқуқие медонанд, ки ҷавҳари аслии онро  таъмини иҷрои мақсаду мароми давлатсозии мутамаддин ва дифоъ аз арзишу манфиатҳои бунёдии давлативу миллӣ ташкил медиҳад.
Тантанаи  ваҳдати  миллӣ,  вусъати  корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  рушду инкишофи  устувор ва бомароми  давлативу ҷамъиятӣ дар марҳалаи имрӯза бо такя ба мазмуну муқаррароти Конститутсия, тавассути заминасозии боэътимод, амалӣ гардида, дар давраҳои минбаъдаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба сатҳу сифати нави тавсеаи иқтисодиву беҳбудии иҷтимоӣ Қонуни асосии кишвар чун нишонаи аввалин ва муқаддастарини соҳибистиқлолии давлати мо унсури асосии заминасоз ва рукни муҳими мададрасон хоҳад буд.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 1640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед