logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО

Нимаи дуюми  3 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6 - уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи шашуми Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди деҳот, бахшҳои истеҳсолии иқтисод, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, ба хотири густариши муносибатҳо изҳори андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешбурди зина ба зинаи ислоҳоти демократӣ минбаъд ҳам густариш диҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳамияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор”  барои солҳои 2018 – 2028 ва  “Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ” барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 2037
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед