logo

ҳуқуқ

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Халқи шарафманди Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки қонуни асосии мо дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дувумин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад. Нақши таърихии ин санади олии ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати сарнавиштсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод. Бо назардошти он, ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо бағоят назаррас аст, ба ин рукни мустақил таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар ин замина барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, татбиқи босамари он дар баробари дигар пешрафтҳои низоми судӣ дар беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо низ таъсири мусбат гузошт. Гузашта аз ин, дар доираи татбиқи барнома дар назди судҳо коллегияҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъсис дода шуданд. Ба тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои нав дар мақомоти судӣ диққату эътибори махсус дода мешавад. Тавассути мактаби такмили ихтисосу бозомӯзии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар ҷавонон савияи дониши касбӣ ва маҳорати хешро баланд бардошта, барои кор ба мақомоти судӣ роҳхат гирифтанд ва ҳоло бо масъулияти дучанду боварии комил кору фаъолият доранд.
Бо назардошти аҳамияти бузурги ин ҳуҷҷати  сарнавиштсоз  ҳар як  фарди солимфикри кишвар бояд дар омӯзиш, тарғибу ташвиқи   мазмун   ва   моҳияти  Конститутсия - ин бахтномаи миллат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда саҳми назарраси худро гузорад.
Олуфтабону АСКАРЗОДА, 
корманди суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 1606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед