logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Амири Давлати Қатар

24 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид  бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ мулоқот намуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо ҳамфикрии том муносибатҳои байни худро бародарона арзёбӣ намуда, хислати дарозмӯҳлати шарикӣ гирифтани муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои такон додани  робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ барпо карда шавад.
Сарони ду давлат аз оғози ҳамкории мушаххас оид ба бунёди як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир дар Тоҷикистон, ки бо сармоягузории ширкатҳои қатарӣ бояд амалӣ шавад, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон фаъолгардонии хати мустақими ҳавоии миёни ду кишварро зарур шумурданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, туризм, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.
Сарони ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ мубодилаи афкор анҷом доданд. Нақшаи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузоршавии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ бори аввал сурат хоҳад гирифт, нишонаи эътирофи баланди Тоҷикистон ва нақши муассири он дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед