logo

ҳуқуқ

НУРОБОД. ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Нуробод чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар он собиқадорони милитсия, фаъолон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳасан Дӯстзода, раиси ноҳия, кормандони милитсияро бо иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки мақомоти милитсияи тоҷик, бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохторҳои низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионӣ, сулҳу суботи саросарӣ, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромаданд. Имрӯз низ ин ҳомиёни тартибот вазифаи базиммадоштаашонро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Мутмаинем, ки онҳо минбаъд низ дар таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо ва ҳифзи оромии диёр устувор хоҳанд буд.
Файзулло Раҳимзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод, зикр сохт, ки кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти ҷамъиятию сиёсии аввали солҳои навадуми қарни гузашта барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинони ин гӯшаи диёр талошҳои зиёд намуданд. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои онҳо гурӯҳҳои зиёди ҷиноятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ  боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Таъкид кард, ки кормандони ҷавони милитсия бояд зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пайваста саъю талош намоянд.
Дар охир аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод барои меҳнати фидокорона ба кормандони милитсия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ба оилаҳое, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва расидан ба сулҳу суботи саросарӣ дар кишвар ҷонфидоӣ намудаанд, ёрии моддӣ расонда шуд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 1803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед