logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. ПЕШГИРӢ АЗ ҶИНОЯТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Хабарнигори рӯзнома бо Темур Бойзода, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон, дар хусуси ҷиноятҳои экстремистию террористӣ чунин суҳбат кард:
- Бигӯед, ки дар соли 2017 дар суди вилоят чӣ қадар парвандаи марбут ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт?
- Дар суди вилояти Хатлон бештар аз 70 парванда баррасӣ шуд. Аз парвандаҳои баррасишуда 36 - тояш нисбат ба 42 нафар ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дахл дорад. Ин гуна парвандаҳо соли гузашта нисбат ба 66 нафар 16 ададро ташкил доданд. Парвандаҳои ҷиноятии дорои хусусияти террористию экстремистӣ вобаста ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, ифротгароӣ, ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ, ифротгароӣ, ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо кушода шуданд.
Умуман, аз таҷрибаи баррасии парвандаҳо муайян гардид, ки бештар ҷавонон дар хориҷ ба гурӯҳҳои тарғиботӣ дучор меоянду гумроҳ шуда, ба ваъдаи ин, ки гӯё дар дигар давлатҳо пули зиёдтар ба даст меоварда бошанд, ба ҳар гуна равияҳо ҳамроҳ мешаванд.  Ба Сурияву дигар давлатҳо пеш зиёдтар мерафтанд, ҳоло сол ба сол сафи онҳо кам шуда истодааст.

- Вале шумораи парвандаҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ имсол нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст?
- Бале. Ин маънои онро дорад, ки кормандони мақомоти қудратӣ дар кашфу боздошти ҷинояткорон хеле таҷриба андӯхтаанд. Вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазифаи ҷомеа фаҳмондан ва ҷавононро аз роҳи нодурусте, ки ихтиёр кардаанд, баргардондан аст. Бо ин мақсад то имрӯз гурӯҳҳои корие ҳастанд, ки дар байни мардум фаъолияти босамар бурда истодаанд. Бештари парвандаҳо дар судҳои сайёр баррасӣ мешаванд. Яъне дар миёни мардум, баъди эълони ҳукмҳо сабаби содиршавии ҷиноят фаҳмонда мешавад.

- Мақомоти суди вилоят таҷрибаи чандсолаи баррасии парвандаҳои экстремистию террористиро дорад?
- Пештар парвандаҳои вобаста ба терроризму экстремизм аз ҷониби судҳои зинаи якум баррасӣ мегардиданд. Лекин ба хотири он, ки ин  навъ парвандаҳо характери сиёсӣ доранд ва амалиётҳои онҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ равона шудаанд, роҳбарият ба чунин хулоса омад, ки ин гуна парвандаҳо фақат аз ҷониби суди вилоят баррасӣ гарданд. Зеро дар суди вилоят судяҳои батаҷриба ҷамъ омадаанд.  

- Имсол дар суди вилоят парвандаҳои дорои хусусияти экстремистӣ зиёд буданд ё террористӣ?
- Парвандаҳои дорои хусусияти экстремистӣ. 

- Онҳо ба кадом равияю гурӯҳҳои мамнӯъ майл мекарданд?
- Ба “Салафия”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Гурӯҳи 24”. 

- Баъзе соҳибназарон иддао мекунанд, ки ҳукми вазнин роҳи ислоҳ нест. Оё шумо зимни баровардани ҳукм ин ҷиҳатро ба инобат мегиред?
- Ҳангоми баррасии пар-вандаҳои ҷиноятӣ моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо пешбинӣ шудааст, ҳатман ба назар мегирем.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 1786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед