мулоқотҳо
Гуфтугӯйи Эмомалӣ
Раҳмон бо Ричард
Ҳолбрук дар Нию Йорк
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико оид ба Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «таҳкими пояҳои иҷтимоии ҳукумати кишвар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳо ва ҷунбишҳои сиёсии он бисёр муҳим аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шиддат гирифтани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки «дар Афғонистон бояд артиш ва хусусан полиси воқеан қобили амал ташкил ёбад, то тадриҷан тавонанд масъулияти амнияти кишварро ба ӯҳдаи худ бигиранд».
«Ҳамчунин ба эҳёи иқтисодии кишвар бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, то мардуми Афғонистон ба рӯзгори ободи беҷанг ва бидуни маводи мухаддир боварӣ пайдо намоянд», афзуд Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳор дошт, ки «Тоҷикистон омода аст чун кишвари ҳаммарз ва ҳамзабони мардуми Афғонистон дар бар-қарорсозии иқтисодиёти он саҳми намоёни худро гузорад».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1912