logo

ҳуқуқ

САНАДИ ОЛӢ ВА РУШДИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

Яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидани Қонуни асосии кишвар, ин андешаро тақвият бахшида, аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор меравад. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои инсондӯстиву сулҳпарвариро дар худ таҷассум намуда, ҳамчун ҳидоятномаи рушду тавсеаи кишвар раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид.
Барҳақ, Конститутсия сароғози ҳамаи муваффақиятҳо дар эҳёи давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсату фарҳанг ва низоми ҳуқуқӣ буда, дар таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ низ нақши барҷаста дорад. Маҳз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст. Бо назардошти нақши боризи ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар барои рушди ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судҳо ва судяҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита, мазмуни қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ин меъёр дар моддаи 14 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Зимнан, бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром, риоя ва ҳифз намоянд. Зарур аст, ки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар фаъ-олияти худ, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба назар гиранд. Фаъолияти онҳо набояд дар ягон маврид ҳуқуқу озодиҳои инсонро халалдор ё маҳдуд созад.
Дар ҳамин ҳол, агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ аз роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд. Чунин муқаррарот феълан мавриди амал қарор дошта, шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба ҳолати қонуншиканӣ ва ё поймол шудани ҳуқуқҳояшон ба суд муроҷиат мекунанд. Масалан, дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Шаҳритус беш аз ҳазор парванда, аз ҷумла, 98 парвандаи ҷиноятӣ, 60 гражданӣ, 301 оилавӣ ва 738 маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, моҳиятан санади судӣ бароварда шуд. Таҷрибаи судӣ ва баррасии арзу шикояти мардум ба суд нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон талаботи қонунҳои амалкунандаро намедонанд ва ё риоя намекунанд. Ҳол он ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёри асосии муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна озодӣ қонун аст. Маҳз қонун омили асосии татбиқи принсипҳои озодӣ, адолат ва баробарӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа масъул аст, ки барои ба даст овардани ин арзишҳои олӣ танҳо дар доираи талаботи муайяннамудаи қонун рафтор намояд.
Холмурод ЗУҲУРИЁН,
раиси суди  ноҳияи Шаҳритус


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 1752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед