logo

ҳуқуқ

АРЗИШИ ОЛӢ. ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ

Дар сатҳи баланди қонунгузорӣ, яъне Конститутсия нишон додан ва  арзиши олӣ эътироф кардани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инчунин, муқаддас шумурдани озодӣ ва ҳуқуқи шахс барои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ воқеан ҳам масъалаи бунёдӣ ҳисоб меёбад.
Конститутсия муқаррар кардааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати таъмини онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Агар ба моҳияту мазмуни қисми зиёди меъёрҳои Конститутсия назар афканем, дар онҳо бевоситаву бавосита сухан аз боби инсон, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии он меравад. Аммо, иловатан, боз дар чандин меъёрҳои Конститутсия ишора шудааст, ки давлат ба иҷро ва ё таъмини ин ё он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад. Чунончи, дар қисми 2 моддаи 12 Конститутсия омадааст: «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Ин кафолат ҳуқуқи иқтисодӣ ва меҳнатии инсон ва шаҳрванд мебошад.
Воқеан, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон исботи бебаҳси кӯшишу талош ба сӯйи эъмори давлати ҳуқуқбунёди мутамаддин мебошад. Давлат дар асоси муқаррароти меъёрҳои Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат дода, қонуну қарорҳои дахлдор қабул кардааст. Дар баробари ин, роҳбарияти олии мамлакат ниҳодҳои дахлдорро вазифадор намудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас андешанд. Зимнан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд, ки: «Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои миёнаву олӣ, инчунин дар байни аҳли ҷомеа омӯзиши он ба таври васеъ ва доимӣ ба роҳ монда шавад». 
Ҳамин тавр, аз меъёрҳои зикршуда ва дигар меъёрҳои Конститутсия бармеояд, ки давлат дар шахсияти Президенти кишвар, мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, прокурорӣ ва ғайра баҳри амалишавии ҳуқуқу озодиҳои асосии конститутсионии инсон худро масъулу уҳдадор меҳисобанд, ки ин аз эҳтироми баланд доштани инсон дар ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад.
Гулнора НУРЛЯМИНЗОДА,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 1905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед