logo

ҳуқуқ

МАШҚҲОИ МУШТАРАК. ДАР РАМЗГОҲИ «ҲАРБМАЙДОН» НАТИҶАГИРӢ ШУДАНД

Размоиши васеи низомии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаш машқгоҳи низомии гарнизони Хатлон ҷараён дошт, дар размгоҳи «Ҳарбмайдон» - и ин минтақа, бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви созмон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.
Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар иттилоъ доданд, ки дар тамринҳои муштараки низомӣ вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо, котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ҳайати фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аташеҳои низомии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.
Дар амалиёти муштарак ҷузъу томҳои таъйиншудаи СААД, вобаста ба маълумоти разведкаи фазоӣ ва заминӣ, унсурҳои гуногуни зиддитеррористиро тарҳрезӣ карда, бо истифода аз авиатсияву техникаҳои вазнини ҷангӣ, пойгоҳи шартии террористон ва самти ҳаракати афроди ғайриқонунии мусаллаҳро мавриди зарбаҳои мушакӣ қарор доданд.
Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо, котиби генералии СААД Юрий Хачатуров ва дигар шахсони расмӣ дар назди ҳайати шахсӣ, суханронӣ намуда, доир ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози андеша карданд. Ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилооту таҷриба дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии ҷузъу томҳо асоси омодагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар таҳкими сулҳу амнияти минтақа арзёбӣ гардид. Ба иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар доираи баргузории марҳалаи якуми машқҳои муштараки ҳарбӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии «Ҳалқаёр ва Ҷайралӣ»-и ҳудуди ноҳияҳои Панҷу Фархор машқҳои ротавӣ-тактикӣ доир гардида, ҷараёни он дар нуқтаи фармондеҳӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия назорат гардид. Дар доираи баргузории машқҳои васеи ҳарбии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии СААД марҳалаи дуюми размоиши низомии Тоҷикистону Русия дар размгоҳи ҳарбии Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, машқгоҳҳои Ҳомиёни минтақаи Кӯлоб ва Сумбулаи гарнизони Хатлон, бо ташкили тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ҷараён гирифт.
Мақсад аз баргузории машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, мукаммалгардонии сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии созмони мазкур, тарҳрезии назару муносибати ягонаи кории мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзо дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи қӯшунҳо, таъмини бехатарӣ дар минтақа ва табодули таҷриба дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зиддитеррористӣ буд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 1528
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед