logo

порлумон

ҚАБУЛИ БАРНОМА ИМКОНЕ БАРОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ИҚТИСОДИЁТ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи барнома иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунаи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида, имрӯз ҷалби қарзҳоро, пеш аз ҳама, барои таъмини рушди афзалиятҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли пурсамари аҳолӣ равона сохтааст. Ҳамчунин, ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барнома 70 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 96 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Маблағи умумии қарзҳои азхудшуда, ба ҳолати 1 январи соли 2017, аз рӯи ин барнома ба 352,2 миллион доллар мерасад. Азхудкунии маблағҳо дар соли равон дар ҳаҷми 623,78 миллион доллар, соли 2018-ум 196,53 миллион, соли 2019 - ум 295,93 миллион ва дар соли 2020 бошад,  354,67 миллион доллар дар назар дошта шудааст.
Назар ба  гуфтаи вазири молия, барнома аз рӯи тақсимоти соҳаҳои иқтисодиёт ба тариқи зерин таҳия шудааст: бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия 20 лоиҳаи қарзӣ, тандурустӣ 6, маориф 11, энергетика ва саноат 29, нақлиёт ва коммуникатсия 45, хоҷагии манзилию  коммуналӣ 32, идоракунии давлатӣ 13 ва ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳаро дар бар мегирад. Ҳамаи қарзҳои дар барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, муддати онҳо 20 - 40 сол  ва меъёри фоиз аз 0,15 то 2 дарсади солона  мебошад.
Татбиқи лоиҳаҳои дар барнома пешниҳодгардида ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мусоидат намуда, имконияти зиёд гардидани даромадҳои буҷетро фароҳам меорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 2783
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед