logo

туризм

САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. БА ОН АҲАМИЯТИ БЕШТАР БОЯД ДОД!

Сайёҳии экологӣ яке аз шаклҳои маъмули туризм ба ҳисоб меравад, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, шиносоӣ бо тарзи ҳаёт, урфу одат ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азим, намудҳои гуногуни набототу ҳайвонот, рӯду чашмаҳои шифобахш, ландшафтҳои кӯҳӣ ва кӯҳию ҷангалӣ, ҳудудҳои махсусмуҳофизатшавандаи табиӣ - кӯҳӣ барои рушди ин навъи сайёҳӣ имконоти зиёд дорад.
Дар туризми байналмилалӣ сайёҳии экологӣ аз 20 то 60 дарсади даромади бозори сайёҳиро ташкил медиҳад. Ин навъи туризм байни сайёҳон маҳбубияти хос дорад ва мавзеъҳое диққати онҳоро ҷалб мекунад, ки барояшон нав аст. Аз ин нигоҳ, Тоҷикистон, ки ҳанӯз минтақаи барои сайёҳон кашфношуда аст, барои равнақи ин навъи сайёҳӣ имконоти бештар дорад. Дар ҳудуди мамлакат 4 мамнӯъгоҳу 13 парваришгоҳ дар шакли аввалаи худ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин мавзеъҳо нодиртарин намудҳои ҳайвоноту рустаниҳо ҳифз мегарданд, ки ба Китоби Сурхи байналмилалӣ ворид карда шудаанд. Ҳамчунин, геокомплексҳои табиии мамлакат аз ҷиҳати обу ҳаво, сохти релйеф, олами набототу ҳайвонот фарқкунандаанд. Ғайр аз ин, ҳоло дар мамлакат зиёда аз 100 осоишгоҳу базаҳои туристӣ мавҷуд аст, ки барои рушди соҳа замина фароҳам меорад.
Тибқи маълумотҳо, аз масоҳати умумии кишвар 22 дарсади онро минтақаи сайёҳии экологӣ ташкил медиҳад, ки истифодаи самараноки  иқтидорҳои он ба баландшавии сатҳи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳистон имконият фароҳам меорад. Объектҳои сайёҳии экологии мамлакат аз ҷониби созмонҳои бонуфузи олам чун мавзеи ҷолиби диққат пазируфта шудаанд. Аз ҷумла, кӯҳҳои Помир ба сад мавзеи ҷолибтарини ҷаҳон шомиланд ва қаторкӯҳҳои Фон дар ҳудуди ИДМ минтақаи ҷолиби сайёҳӣ эътироф гардидаанд. Ҳамчунин, кӯлҳои Аловиддин, Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Сарез, Қароқӯл, Зоркӯл, Рангкӯл, Шӯркӯл, Булункӯл бо табиати афсункорашон макони беҳтарини сайру саёҳатанд. 
Ба андешаи коршиносон ҳанӯз иқтидорҳои сайёҳии экологии мамлакат амиқ омӯхта нашудаанд. Масалан, дар вилояти Хатлон ҳайвоноту набототе боқӣ мондаанд, ки хоси минтақаҳои биёбонианд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши иқтидорҳои туристии ин минтақа, бахусус водии Вахш, басе манфиатовар хоҳад буд. 
Бино ба гуфтаи Шаҳимардон Содиқов, устоди кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, махсусан гирифтани иҷозатнома, ки 3 – 4 рӯзро дар бар мегирад, ба сайёҳон барои ворид шудан ба минтақаи муҳофизатшаванда мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Агар дар назди мамнӯъгоҳҳо гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил шуда, ҳуҷҷатгузорӣ сода карда шавад, кор бамаротиб беҳтар мегардад.  Инчунин, дар назди мамнӯъгоҳҳо ташкили нуқтаҳои хурди намоишии набототу ҳайвонот аз манфиат холӣ нест. 
Дар баробари ин, коршинос иброз медорад, ки бояд ба таҳияи харитаҳои сайёҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа дод. Зеро таҷрибаи мамолики пешрафта дар соҳаи туризм нишон медиҳад, ки харитаи сайёҳӣ на танҳо ҳамчун роҳнамо хизмат мерасонад, балки барои муаррифии мавзеъҳо мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, таҳияи харитаи мукаммали сайёҳӣ зарур арзёбӣ мегардад.
Табиати биҳиштосо, кӯҳҳои осмонбӯсу рӯду дарёҳои мусаффои кишвар диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Бино ба маълумоти мутахассисон, пас аз 10 сол соҳаи туризми кишвар имконияти то 25 дарсад таъмин кардани Буҷети давлатиро дорад. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам овардааст.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 2504
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед