logo

ҳуқуқ

БА ҚАДРИ ОЗОДӢ НАРАСИД ВА ДУБОРА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шералӣ Қараев-зодаи  ноҳияи Фархорро барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар гунаҳкор дониста, ба муҳлати 15 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард.
Тавре суд муайян кард, Шералӣ Қараев 12 апрели соли ҷорӣ бо супориши Ҷумахон валади Абдусамад, ки қаблан дар як муассиса адои ҷазо намуда буданд, ба Носир ном шаҳрванди Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон занг зада, дар дашти “Кокул” - и ноҳияи Фархор аз номбурда маводи нашъаовари навъи “ҳашиш”-ро ғайриқонунӣ мегирад. Тибқи маслиҳат ӯ бояд ҳар як килограмм маводи мухаддирро ба шахсони ғайр ба маблағи 400 доллари ИМА фурӯхта, аз ин ҳисоб 3500 сомонӣ ба даст меовард.
Номбурда 25 апрели соли ҷорӣ зимни андешидани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Фархор, бо гумони машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шудааст. Дар натиҷаи кофтукоб аз борхалтаи ӯ 3 бастаи селофанпечи дар дохилаш як миқдор маводи рангаш сабзу ҷигарии бӯйи махсусдошта ёфт ва мусодира шуд. Вазни умумии маводи мусодирашуда 7 килограму 312 граммро ташкил медиҳад.
Бо ҳукми суд Қараев Шералӣ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “а, д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати понздаҳ солу шаш моҳ таъйин карда шуд.
Омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони масъули Ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор сиёсати Ҳукумати мамлакатро дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки ба саломатӣ ва ҳаёти одамон хатари ҷиддӣ дошта, ба асосҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, мадди назар карда, корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон ва сокинони ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондаанд.
Ёдрас мешавем, ки нисбат ба Шералӣ Қараев қаблал низ бо ҳукми суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо дастрасии моддаи 200, қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 15 сол ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ муқаррар шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз адои ҷазо озод гардида буд. Мутаассифона, ӯ ба қадри озодӣ нарасида, дубора даст ба ҷиноят задааст ва акнун беш аз понздаҳ соли ҳаёти худро пушти панҷара мегузаронад.
Малоҳат РАҲМОНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 1717
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед