logo

ҳуқуқ

ТУНДГАРОӢ. ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Имрӯзҳо дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд. Дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст  дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдоми дастаҷамъона дар мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем.
Ин нукта дар мизи мудавваре, ки ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ» баргузор гашт, ироа гардид. Дар ин ҳамоиш мавзӯи «Баъзе вижагиҳои ифротгароӣ дар соҳаи дин дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро ба риштаи таҳлил кашид, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба худ ҷалб сохт. Мавсуф зикр кард, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ буҳрони иқтисодӣ ва халои сиёсии бузург ба вуҷуд омад. Дар ҳамин вазъияти парокандагӣ ҳар кишварро мебоист роҳи рушди ояндаи худро муайян кунад. Дар Тоҷикистон се неру - сохтори мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ, зиёиёни миллатгаро ва рӯҳониёни исломгаро ба саҳнаи муборизаи сиёсӣ ворид шуданд.
Маълум аст, ки ҳар гуна гузариш бунёди инфрасохтори ба худ созгор, аз ҷумла дар бахши ҳаёти диниро тақозо менамояд. Мушкилиҳои сиёсӣ ва вазъи ноороми амниятӣ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мутобиқ шудан ба шароити нав имкон надоданд. Солҳои 1992 - 97 роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуд ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва динию мазҳабиро дар доираи қонунгузории давлати дунявӣ ба танзим даровард.
Файзулло Баротзода оид ба тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати мамлакат барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳаёти динии ҷомеа табодули назар намуда, зимнан таъкид кард, ки дар ин самт як идда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ниҳодҳои сохторӣ ташкил шуданд.
Мавсуф перомуни таъсири хатарҳои берунӣ ба авзои ҷомеа ибрози назар намуда, зикр сохт, ки имконпазир будани табодули афкор, таълимот, интиқоли маблағ ва шаклҳои гуногуни дастгирии гурӯҳҳои экстремистию террористӣ татбиқи ин хатарҳоро осон мегардонад. Баҳогузории нодуруст ва муғризонаи расонаҳои иттилоотӣ дар бораи буҳронӣ будани вазъи динӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сабаби ноором шудани вазъият шуда метавонад. Ба гуфтаи ӯ дар баробари ин мушкилот хатарҳои дохилӣ низ мавҷуданд. То ҳанӯз саводнокӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Андешаҳои бегона аз ҷониби толибилмони донишгоҳ ва мадориси динии хориҷӣ ба хотири тасарруфи фазои динӣ ва коҳиш додани арзишҳои мероси динӣ-мазҳабии ниёгон роҳандозӣ мешаванд. Идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи гурӯҳ, созмон, аҳзоб ва ҷунбишҳои ифротӣ метавонад ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид созад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин вазъияти мураккаб ба таҷрибаи сулҳофарӣ ва консепсияи ваҳдати миллӣ такя мекунад. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем, - иброз дошт  Файзулло Баротзода.
Додоҷон  РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 1596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед