logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН БАРРАСИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа зери унвони «Фаъолияти марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» семинари омӯзишӣ  доир  гардид.

Фирӯз Исмонов, сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки баҳри татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил гардид. Фаъолияти марказҳои номбурда  имкон медиҳад, ки муроҷиати   истеъмолкунанда сари вақт баррасӣ гардад ва нисбат ба кирдори шахсоне, ки уҳдадориҳои хешро дуруст иҷро накардаанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ҳамзамон, бо истифода аз ин марказҳо ба таври ҳамешагӣ ба шаҳрвандон доир ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маълумоти зарурӣ пешниҳод мегардад. Ба ин васила доираи васеи истеъмолкунандагон аз ҳуқуқҳои худ ва ҳам аз вазифаҳои хизматгузорон, аз ҷумла савдогарону  истеҳсолгарон, воқиф мегарданд.
Зимни чорабинӣ зикр ёфт,  ки то давраи ҳисоботӣ ба марказҳои номбурдаи вилоят  66 муроҷиати шифоҳӣ ва 41 муроҷиати хаттӣ оид ба риоя нашудани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ворид гардид. Масъулон ҳама арзу шикоятҳоро дар доираи салоҳияти худ баррасӣ намуданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар воқиф сохтани сокинон аз ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва роҳҳои ҳимояи он дар интиҳои семинар ба иштирокдорони он - намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ, масъулони ташкилоту муассисаҳо ва хабарнигорон варақаю буклетҳои иттилоотӣ пешкаш  карда шуд.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2017    №: 242    Мутолиа карданд: 1446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед