logo

маориф

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Умедҷон Музаффаров омӯзгори мо аст. Аз фанни забони англисӣ таълим медиҳад. Фаъолияташро ӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 ноҳияи Восеъ чор сол пеш оғоз бахшидааст. Хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Ҳанӯз ду сол пеш аз хатми ин донишгоҳ, яъне соли 2008, ки донишҷӯ буд, ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10  дарс мегуфт.

Бо омадани ин омӯзгор ба мактаби мо омӯзиши фанни забони англисӣ беҳтар ба роҳ монда шуд. Ҳама - чи омӯзгорон ва чи хонандагон эҳсос намуданд, ки ӯ меҳнатдӯст, ташаббус-кор ва серғайрат аст. Бо хастагинопазирӣ кор мекунад.
Муаллими мо тавонист, ки нахуст меҳру муҳаббати фанни таълимияшро дар дилҳои шогирдон ҷой бикунад. Баъд моро неруву боварӣ бахшид, ки омӯхтани забон душворие надорад. Андак бояд дар ин кор масъулиятшинос бошему таваҷҷуҳи хосса бидиҳем.
Аз усулҳои зиёд истифода мебарад. Роҳҳои гуногуни омӯзишро ҷӯё мешавад. Моро водор месозад, ки бештар калимаҳову ибораҳои заруриро азёд бикунем ва боҷасорат бошему озодона, беибо ва бо ӯ ва ҳамсабақон бо ин забон гап бизанем.
Мо, шогирдон, ҳар як дарси ӯро бесаброна интизор мешавем. Бисёр вақт намефаҳмем, ки як соати дарсӣ чӣ гуна зуд гузаштааст.
Дар ду соли охир чор шогирди устод тибқи квотаи президентӣ ба факултаҳои забонҳои хориҷии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шуданд.
Ҳамчунин, чор шогирди ӯ дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Ҳамин тавр, мо ин омӯзгори асилро дӯст медорем, бо ӯ ифтихор мекунем. Муаллими мо на танҳо забони хориҷӣ меомӯзонад, балки моро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, тарбия мекунад.
Маҳбуба ОДИНАЕВА,
хонандаи синфи 11 – и  муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 53, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 1456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед