logo

ҳуқуқ

БОХТАР. ДАСТОВАРДҲОИ ЯК СОҲАИ МУҲИМ

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кӯтоҳ ба мудирияти беҳтар, осон шудани раванди муроҷиати шаҳрвандон ва хидматрасонии босифат комёб гардид.
Ба хотири инъикоси ин ва дигар дастовардҳо бо Азизулло Алиев, директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Бохтар, суҳбат оростем:
- Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳия ва қабули як қатор қонуну санадҳои расмии марбут ба самти кори мо асоси воқеӣ гузошт. Агар дар ёд дошта бошед, то солҳои 2014 - 2015 дар ҳама шаҳру ноҳияҳо марказҳои бақайдгирии техникӣ амал мекарданд, ки онҳо тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” буданд. Дар асл самти кории ин ниҳод аз мо фарқ мекунад. Биноан, ба хотири пайванд додани фаъолияти корхонаи мо бо сохторе, ки аз ҷиҳати самти фаъолият наздикие дорад, яъне кумитаи замин, корхонаҳои мо ба тобеияти онҳо гузаронда шуданд. Ин ба он мусоидат кард, ки мардуми корафтода аз бисёр сарсониҳои беҳуда халос мешаванд ва ҳама ҳуҷҷатҳои заруриашонро дар фурсати кӯтоҳ ба даст меоранд. Дар ҳамин замина ҳам амалиёт ва ҳам худи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ хеле сода карда шуданд. Ва дар асоси қонунҳои марбутаи соҳа чандин сол боз ба корхонаи мо ба ҳайси бақайдгиранда фақат шахсони дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва заминсозӣ ба кор пазируфта мешаванд. Ба хотири таъмини шаффофият он амалиёти бақайдгирие, ки ба хешу ақрабои худи бақайдгирандагон дахл дорад, аз ҷониби бақайдгирандаи дигаре, ки хеши онҳо нест, анҷом дода мешавад. Пешбурди китобҳои бақайдгирӣ, харитаҳои кадастрӣ ва дафтарҳои бақайдгирии аризаҳо имрӯзҳо на фақат мисли солҳои пеш ба таври коғазӣ анҷом дода мешаванд, балки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ он муттасил ба таври электронӣ низ гузаронда мешавад. Гузариш ба коргузории электронӣ суръати тартибдиҳии ҳама навъи ҳуҷҷатҳоро беш аз пеш зиёд кардааст. Яъне, феълан аксар амалиёт дар тӯли 7 рӯз иҷро мегардад. 
Ба ҷуз ин, аз ҳама ҷиҳат мукаммал будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то ин ки серветутҳои оммавию хусусӣ таҳия гарданд. Бо ин васила бисёр баҳсҳои марбут ба замин ба осонӣ ҳаллу фасл мегарданд, ки ин, албатта, барои соҳаи мо муваффақияти бузург аст. Он ҳуҷҷате, ки марҳилаи тасдиқи бақайдгириро муайян мекунад, шаҳодатномаи бақайдгирист. Қонуни амалкунандаи дахлдор ду ҳуҷҷатро нишон додааст: сертификат барои қитъаи замин ва барои молу мулки ғайриманқул. Тибқи пешниҳоди мутахассисон дар лоиҳаи нави қонун, ки ба эҳтимоли зиёд ба наздикӣ мавриди амал қарор мегирад, ба ҷойи ин ду ҳуҷҷат як ҳуҷҷати тасдиқкунанда гирифтан кофист.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи мо бо бинои наву замонавӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст. Дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи 834 ҳазору 210 сомонӣ корҳои барӯйхатгирии техникӣ, тайёр кардани парванда ва супурдани сертификат иҷро шудааст, ки ин 116  дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби зиёд  кардани  ҳаҷми  кор зиёда аз 155 ҳазор фоида гирифта шуд. Ба буҷети ноҳия 240 ҳазору 601 сомонӣ андозҳо, ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 112 ҳазору 421 сомонӣ маблағ пардохт шудааст. Дар ин давра 800 шиносномаи техникӣ тайёр гардида, 526 парвандаи танзими замин тартиб дода шудааст. Ҳамзамон, 769 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, 448 шаҳодатномаи бақайдгирӣ, 408 иқтибос ва 47 шартномаи гарав мураттаб гардидааст. Ба таври ройгон барои оилаҳои камбизоат 9 шиносномаи техникӣ, 10 парвандаи  заминсозӣ ва 9 сертификат омода гардид.
Бояд гуфт, ки агар Конститутсия ва, умуман, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо замина фароҳам намеовард, чунин ҳаҷми корро иҷро кардан ва ҳамрадиф ба осон гардондани хидматрасониҳо бо мушкилӣ даст ёфта метавонистем. Бо назардошти ҳамин нукта, бори дигар изҳор медорам, ки усулҳои кунунии корбарию коргузории соҳаи мо, дар қатори дигар соҳаҳо, барои манфиати халқ равона гардидаанд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 1432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед