мулоқотҳо
Мулоқот дар атрофи симпозиуми байналмилалӣ
Нимаи дуюми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Алӣ Абул Ғейтро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Барои ин фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Оид ба омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам ва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ, ки яке моҳи октябри соли равон ва дигаре соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аҳмад Алӣ Абул Ғейт зиндагии ибратомӯз ва осори гаронмояи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзамро «саҳми намоёни мардуми тоҷик дар рушду нумӯи афкори илмӣ ва фарҳанги исломӣ» арзёбӣ намуда, ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бузургдошти ин нобиғаи фиқҳи исломӣ баҳои баланд дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2112