logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ТУРИЗМ

Тоҷикистон бо захираҳои бойи сайёҳӣ ҷиҳати рушди туризми кӯҳнавардӣ, кӯҳӣ-варзишӣ, экологӣ, табобатӣ,  варзишӣ, шикорӣ, таърихӣ-маърифатӣ ва мардумшиносӣ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Аммо як қатор омилҳое мавҷуданд, ки барои рушди соҳа монеа эҷод мекунанд. Ин мушкилиҳо, пеш аз ҳама, дар самти роҳу нақлиёт, муоширату хизматрасонӣ ва ташвиқу тарғиби минтақаҳои туристӣ ба назар мерасанд.
Ба андешаи мутахассисон, мушкилии асосии инфрасохтори туризми мамлакат, пеш аз ҳама, дар таъмирталаб будани роҳҳои минтақаҳои туристӣ, набудани меҳмонхонаҳои хурд ё ҳомстейҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ ифода меёбад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сайёҳон ҳамон вақт ба минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза сафар хоҳанд кард, ки ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ бошанд. Бо вуҷуди дидани  иқлими хуб, табиати зебо, олами набототу ҳайвонот, ҳамчунин, бояд сайёҳон аз шароитҳои истироҳату фароғат, табобату мулоиҷа бархӯрдор гарданд. Ҳамин аст, ки имрӯз мутахассисон кӯшиш менамоянд, масъалаи омӯзиши минтақаҳои туристиро вобаста ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ба роҳ монданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки минтақаҳои туристии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Зарафшон, мавзеъҳои Сари Хосор, Чилдухтарон ва дараҳои Варзобу Ромит бо назардошти он ки дар ин минтақаҳо базаи моддию техникӣ  аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда буд, имрӯз дар ҳоли рушд қарор доранд. Барои рушди соҳа дар дигар минтақаҳо бошад, ҳамкории  зичи мақомоти маҳаллӣ бо муассисаҳои дахлдор  зарур аст, зеро ин омил ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард. 
Дар баробари ин, ба андешаи коршиносон, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ  ва фурудгоҳҳо низ баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Сайёҳон аллакай дар фурудгоҳ бо баъзе монеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла одоби муошират. Дар ин росто, кормандону масъулонро мебояд донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ва одоби муошират бошанд, то ки мизоҷони ватанию хориҷиро бо фарҳанги воло пешвоз бигиранд.
Ҳамчунин, тарғибу ташвиқи минтақаҳои туристӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ҳарчанд Кумитаи рушди сайёҳӣ филмҳои мустанадро ба забони англисӣ омода намуд, аммо ин ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Зеро Тоҷикистон то ҳол барои доираи васеи сайёҳони кишварҳои хориҷӣ ноошност.
Ба андешаи Фазлиддин Қодиров, мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, зарур аст, ки объектҳои сайёҳии кишвар ҳар чи бештар тариқи ВАО ва интернет тарғибу ташвиқ шаванд. Зеро захираҳои туристии мамлакат то ҳол ба таври бояду шояд тарғибу ташвиқ нашудаанд. Қатъи назар аз он ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли бархе аз чорабиниҳои сайёҳӣ, аз қабили ҳамоиши байналмилалии туристӣ дар шаҳри Берлин, ЭКСПО ва ғайра мебошад, хуб мешуд ҳамасола чунин чорабиниҳо дар кишвар ба роҳ монда шаванд ва дар он доираҳои васеи туристони кишварҳои хориҷӣ иштирок намоянд. Ин омил, бешубҳа, барои муаррифии иқтидору имкониятҳои туристии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо кишварҳои пешрафтаи олам минтақаҳои туристии худро тариқи телевизионҳои байналмилалӣ тарғиб мекунад, ки ин боиси пешрафти туризм дар ин кишварҳо гаштааст. Бо вуҷуди гарон будани нархи чунин рекламаҳо бояд аз он самаранок истифода барем.
Пас, метавон гуфт, ки бо азнавсозӣ намудани роҳҳову беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалию дигар иншоотҳои хизматронӣ ва тарғибу ташвиқи минтақаҳои сайёҳӣ индустрияи туризм пеш рафта ба рушди иқтисодиёти кишвар замина хоҳад гузошт. 
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 1781
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед