logo

ҳуқуқ

ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ФАЗОИ ЭМИН АЗ ФАСОД

Пешгирӣ, ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва шахсони алоҳида, ки ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта даст мезананд,   самти  асосии  фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ташкил  медиҳад.   Раёсати Агентии  назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Вилояти   Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон    дар  ин   росто  фаъолияти  босамар  дорад.

Наврӯззода  Азамат Имомқул, сардори ин раёсат дар ВМКБ, дар  суҳбат  бо  хабарнигори рӯзнома зикр  кард, ки бо вуҷуди пурзӯр намудани  мубориза  бо  ин  вабои  аср,   ҳанӯз  дар  вилоят ҳодисаҳои  содир  шудани онҳо  на  танҳо  кам  нашудааст, балки  дар  мавридҳои  алоҳида рӯ ба афзоиш дорад.  Соли 2017  аз тарафи  мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявӣ  бо  мақсади  ошкор намудани   амалҳои  ғайриқонунӣ  ва  коррупсионӣ 57  тафтишу санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ  ба анҷом расидааст.
Дар рафти тафтишу санҷишҳо дар  идораву  муассисаҳои  вилоят  ба маблағи 4  миллиону 394  ҳазор  сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз  ҷумла,  қариб  ба 700  ҳазор  сомонӣ  харҷҳои  ғайриқонунии  моливу  пулӣ   роҳ  дода, 1  миллиону  583   ҳазор  сомонӣ  воситаҳои  пуливу  молӣ  тасарруф шудааст. Аз зарарҳои  молиявии  ошкоргардида  бештар  аз 2  миллиону 400  ҳазор  сомонӣ  рӯёнда  шуда, 1,6 миллион  сомонӣ  ба  Буҷети  давлат  ва  717  ҳазор  сомонӣ ба  ҳисоби худи корхонаву  ташкилотҳо  барқарор  гардид.
Ҷиҳати  чораҷӯӣ ва баррасӣ намудани маводи тафтишӣ 33 – тои он  бо маблағи умумии зарари молиявии бештар аз 3  миллиону  189  ҳазор сомонӣ  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  пешниҳод шуд. Ҳамчунин,  дар  ҷараёни  тафтишу санҷишҳо  дар муассисаҳои  вилоят ба андозаи 1 миллиону 396 ҳазор сомонӣ  ҳодисаҳои  истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо  ошкор гардиданд.
Наврӯззода  Азамат  афзуд, ки таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон медиҳад, ки  дар вилоят дар нуҳмоҳа 156  адад ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир  шудааст, ки  ин  нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  зиёд  аст.   
Аз ҷониби  бахши тафтишотии  раёсат  33  парвандаи ҷиноятӣ  ба  истеҳсолот  қабул  гардида, 33 парванда   аз ҷониби худи  муфаттишони  раёсат  оғоз шудааст. Маблағи  зарари  маводи  парвандаҳои ҷиноятӣ ва  маводи  аз  оғози  парвандаи  ҷиноятӣ  радкардашуда   бештар  аз  1  миллиону 121 ҳазор сомониро  ташкил  медиҳад  ва  дар  ҷараёни  тафтишот  аз  он    бештар  аз 294  ҳазор   сомонӣ барқарор  карда  шуд. 
Дар  самти  пешгирии  коррупсия  низ   раёсат фаъолияти  пурсамар  дорад.   Дар  ин  давра  аз ҷониби кормандон 31  адад ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ба қайд гирифта шуд.  Ин  ҳуқуқвайронкунандагон   тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ  ба  ҷавобгарӣ  кашида  шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи  34400  сомонӣ ҷарима татбиқ ва   аз  он  27200 сомонӣ аллакай ба буҷет ворид гардид.
Ҷараёни  иҷрои  “Стратегияи  муқовимат  бо  коррупсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2013 - 2020”  дар  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Хоруғ  ва  ноҳияҳои   Дарвоз, Мурғоб, Ишкошим  ва  Роштқалъа,  фаъолияти  комиссияҳои  ҷамъиятӣ  дар  онҳо  ва  идораву  муассисаҳо  санҷида  шуда, ҷиҳати   ислоҳи  камбудиҳои  ошкоркардашуда ба  унвони масъулон  34  дастури  хаттӣ  ирсол  гардид, ки  дар  натиҷаи  баррасии  онҳо  6  нафар  вайронкунандагони  қонун  аз  вазифа  озод  ва 54  нафар  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 1356
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед