logo

маориф

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ МАОРИФ

Дар  ноҳия 34 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 умумии асосӣ ва 1 мактаб - интернат фаъолият дорад. Шумораи умумии хонандагон 5721 нафар буда, ба онҳо 608 нафар омӯзгор таълим медиҳад.
Сафар Салимов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, зимни суҳбат иброз дошт, ки барои беҳтар шудани сифати таълим бунёди мактаб дар деҳаи Эсизи Ҷамоати деҳоти Иван - Тоҷик барои 320 хонанда, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 идома доранд. Корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Дашт, Ғукат, Табушн ва сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи томактабӣ бо фарогирии 72 ҷойи нишаст дар деҳаи Дашт ба тариқи ҳашар оғоз гардиданд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ сохтмони муассисаи таълимии дуошёна дар деҳаи Дашти Оббурдон давом дошта, корҳои лоиҳакашии толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2, деҳаи Пастиғав, ба анҷом расонда шуд. Бо саҳми сокинони деҳаи Валиғонд лоиҳаи мактаби замонавии дуошёна омода ва барои оғози корҳои сохтмонӣ ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ноҳия ду кӯдакистон бо фарогирии 80 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамояд, ки бо тамоми ҷиҳози замонавӣ таъминанд. Соли равон 4 маркази инкишофи кӯдак ба фаъолият шурӯъ кард, ки 112 нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин марказҳо аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Глобус», ки дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолият менамояд, бо таҷҳизоти  зарурӣ таъмин гардиданд.
Сафар Салимов, зикр кард, ки омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистон зери назорати доимӣ қарор дорад. То имрӯз 43,3 метри мураббаъ тирезаи мактабҳо оинабандӣ гардида,165 метри мукааб ҳезум ва 358 тонна ангишт захира шудааст.
Ба гуфтаи Саноаддин Шарофов, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия, бо вуҷуди дастовардҳои назаррас то ҳол дар баъзе муассисаҳои таълимии деҳоти дурдаст, аз ҷумла Роғ, Палдорак, Ланглиф, Ярд, тагобаҳои Оббурдон - Ронҷ, Инбеф, Резгиф омӯзгорони забони англисӣ ва фанҳои дақиқ - математика ва химия намерасанд. Мушкилоти дигар аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтани хонандагон аст. Онҳо маҷбуранд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дигар деҳа, ки дар масофаи 3 - 4 километр воқеъ гардидааст, рафта таҳсилро идома диҳанд.
Барои ҳалли ин мушкилот дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ду муассисаи таълимӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфта, ба ҳамин шакли таҳсил гузарондани ду муассисаи таълимии дигар дар назар аст.
С. МУНАВВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 1431
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед