logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Мансур дар Дубай

26 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз шаҳри Нию Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб мушовири давлатии Подшоҳи Арабистони Саудӣ доктор Мансур Солеҳ ал- Қунайзонро ба ҳузур пазируфт.

Доктор Мансур салому паёми самимии Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Саудро ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти давлати худро ба таҳкиму густариши равобити судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ва муносибатҳои ду кишвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, хусусан дар олами ислом ва минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки Арабистони Саудӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин давлатҳои исломӣ бояд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таҳаввулоту хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир давлатҳои рӯ ба инкишофи мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди  кӯмаку дастгирии  бештар қарор диҳад. Ин мулоқот қадами намоёни навбатӣ дар роҳи густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ арзёбӣ гардид.
27 сентябр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими шиносонии лоиҳаи як масҷиди бузург, ки сохтмонаш моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, иштирок намуд.
Зикр гардид, ки масҷиди мазкур бо маблағгузории Амири Давлати Қатар аз ҷониби ширкати сохтмонии Аднан Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб дар муддати 5 соли оянда бунёд хоҳад ёфт. Мутобиқи лоиҳа дар дохил ва долонҳою атрофи масҷид дар як вақт то 150 ҳазор нафар метавонад намоз хонад. Танҳо дар толори асосии намозхонӣ барои 50 ҳазор нафар ҷой омода хоҳад шуд.
Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи масҷид бо манораи боҳашамат, 7 сутуни зебои мунаққашу мусаввар, ки рамзи ҳафт қабати замину осмонанд ва кӯл ва фаввораҳои зиёд, ки аз кишвари обҳои софу зулол будани Тоҷикистон башорат медиҳанд ва бисёр унсурҳои дигари ороишию фарҳангӣ оро дода мешавад.
Замини зери бино шакли харитаи Тоҷикистонро бо худ таҷассум хоҳад дод, ки яке аз пешниҳодҳо ва талабҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз меъморону тарроҳони лоиҳа аст.
Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бо пешниҳоду маслиҳатҳои мушаххаси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, аз ҷумла дар тарҳи умумии биноҳо, манораи олӣ, нақшу нигори деворҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.
Бо пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи масҷиди мазкур ҳамчунин як донишгоҳи бузурги исломӣ бунёд хоҳад ёфт.
Воқеан ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда шаванд, аз ҷумла саммитҳои сарони давлатҳо.
Умуман сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нию Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва боздиди кӯтоҳаш аз шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо натиҷаҳои намоёну муассир барои ҳифзи шоистаи манфиатҳои олии давлату миллати тоҷик ва таҳкиму густариши муносибатҳои судманди ҳамкорӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба поён расид.
Ду суханронии пурмӯҳтавои дар Созмони Милали Муттаҳид, ки саршор аз андешаю пешниҳодоти муфид барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам ба манфиати ҳалли мушкилоти глобалии сайёра буд ва мулоқотҳои сершумори дуҷонибаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои асосӣ ва самараҳои судбахши ин сафар арзёбӣ мегарданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед