logo

ҳуқуқ

СУҒД. НИГАРОНӢ АЗ ҒАЙРИҚОНУНӢ ҶУДО КАРДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар нимаи аввали моҳи ноябр, таваҷҷуҳи раисони шаҳру навоҳии вилоятро вобаста ба иҷрои қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозӣ ҷалб намуда, истифодаи самараноки ҳар як порча заминро таъкид доштанд. Ҳамзамон, аз масъулон тақозо шуд, ки ба ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ва истифодаи ғайримақсадноки он нуқта гузоранд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолони вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор карданд, ки ҳолати иҷрои қонунгузории замин ва шаҳрсозию меъмориро боз ҳам пурзӯр намоянд. Дар ин росто, ахиран ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд доир шуд, ки дар он масоили вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин, муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва шаҳрсозию меъморӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои заминсозӣ, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ ва ҷамоатҳо таҳлил ва мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, зикр кард, ки ҳолати риояи талаботи қонунгузории замин дар ҳудуди вилоят то андозае беҳтар гардида бошад ҳам, то ҳанӯз дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои идораи замин, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳрвандон қонуншиканиҳои зиёд, аз қабили ғайриқонунӣ рад намудан ё бе баррасӣ мондани муроҷиатҳо, ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин, ҷойгир намудани биною иншоот бар хилофи нақшаҳои генералӣ ҷой доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бар хилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ҷой дошта, дар давраи таҳлилӣ ба 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин эътироз оварда шудааст. Муайян гардидааст, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо дағалона вайрон намудани талаботи Кодекси шаҳрсозӣ, бе мавҷуд будани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва хулосаи экспертизаи экологӣ ба сохтмони бино ва иншоот, бахусус биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз кардаанд.
Чунин ҳолатҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Исфара, Конибодом ва Зафаробод ошкор шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои прокуратура ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Инчунин, дар шаҳри Хуҷанд ҳолатҳое ошкор гаштаанд, ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин, лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ дағалона вайрон гардида, майдончаҳои бозии кӯдакон ва истироҳати пиронсолон, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ба инобат гирифта нашудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Хуҷанд бошад, ҳолатҳои аз ҷониби масъулони комиссияҳои қабул ғайриқонунӣ қабул намудани иморату иншооти ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ набуда, ошкор шуд. Дар натиҷа 12 санади ғайриқонунӣ қабулшуда бекор ва раисони комиссияҳои қабул дар шаҳрҳои Конибодом ва Панҷакент бо моддаи 430 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 12 нафар аъзои ин комиссияҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 22 пешниҳод, 12 амр ва 72 эътироз бароварда шуда, бо қарорҳои прокуророн 28 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 157 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.  
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 1347
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед