энергетика
САРФАИ БАРҚ. ЧАНД МАНФИАТИ ЯК ИҚДОМ
Тавре аз раёсати назорат ва тақсимоти барқи ШСХК «Барқи тоҷик», иттилоъ доданд, дар давоми бист рӯзи охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба хонаҳои истиқоматӣ додани гармӣ 10,7 миллион киловатт - соат неруи барқ сарфа гардид.
Дар фасли тирамоҳу зимистон бо назардошти ба мардум додани барқи бемаҳдуд сарфаю сариштакорӣ хеле муҳим аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали рушди соҳаи энергетика ба риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи ин сарвати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соли 2009 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала ба мардуми кишвар дастури хеле муҳим ва асоснок доданд. Бар замми ин, аз 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид.
Тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ ва ниҳоят барои расидан ба ҳадафи стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ кам нестанд. Ҷавобан аз ҷониби аҳолӣ риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ, ки нишони маданият ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини кишвар ба ҳисоб меравад, имконият медиҳад, ки мо, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ муваффақ гардем. Зеро сарфакорӣ худ аз оила оғоз меёбад. Аз рӯйи таҳлили энергетикҳо қариб 30 дарсади хароҷоти энергия ба фаъолияти хоҷагидорӣ рост меояд. Пардохти ҳаққи хидмат барои истифодаи об, газ, гармӣ, хусусан неруи барқ дар хароҷоти буҷети оила нақши асосӣ доранд. Ба ин хотир, сарфаи неруи барқ беҳтарин воситаи муътадил нигоҳ доштани буҷети оила мебошад. Қариб дар ҳама хона таҷҳизоти зарурии рӯзгор - яхдон, телевизор, мошинаи либосшӯӣ, компютер, чойники барқӣ ва амсоли инҳо бо истифода аз неруи барқ ба кор бурда мешаванд. Аз ин рӯ, нафаре агар ба сарфаи барқ бо таҷҳизоти камхарҷи барқӣ ва оқилона кор фармудани он диққати ҷиддӣ диҳад, метавонад хонаро гарм нигоҳ дошта, захираи буҷети оиларо низ ғанӣ гардонад.
Бояд гуфт, ки дар системаи энергетика механизми кор бо назардошти баҳисобгирии даромад ва хароҷот, аз сарфакорона истифода бурдани барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи ҳаққи барқи истифодашуда вобастагии зич дорад. Агар аҳолӣ маблағи барқро пурра пардохт намояд, аз ҳисоби ин маблағҳо ба роҳ мондани таъмир ва азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, ки бештари онҳо корношояманд, барои коҳиш ёфтани талафоти барқ мусоидат мекунад.
Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 14 миллиарду 750 миллион киловатт - соат неруи барқ истеҳсол шуд, ки 16,3 дарсади он талаф ёфтааст.
О. ГУЛБЕРДИЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2017 №: 248 Мутолиа карданд: 18546