logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТАЪМИНИ ИМТИЁЗҲОИ ҚОНУНӢ ДАР ИН САМТ

Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ имрӯзҳо аз манбаъҳои гуногуни рушди иқтисодиёт самаранок баҳра мегирад. Яке аз чунин манбаъҳои муътамад ва устувор дар ҷомеаи муосир сайёҳӣ маҳсуб меёбад, ки ҳоло дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамчун самти афзалиятнок қарор гирифтааст.

Ҳалли масъалаҳои рушди сайёҳии дохилӣ, мукаммалсозии заминаи меъёрӣ - ҳуқуқии соҳа ва танзими фаъолияти ташкилоту корхонаҳо дар ин ҷода бидуни санади алоҳида мушкил аст. Бо  ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” таҳия ва қабул гардид. Он барои фароҳам овардани маҳсулоти сайёҳӣ,  баланд бардоштани нуфузи кишвар дар тафаккури сайёҳон ва дар маҷмӯъ мавқеи хосса пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷиҳати пешрафти бахши туризм дар миқёси олам нақши муҳим хоҳад бозид. 
-  Ҳадаф аз қабули қонун фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги сайёҳии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад, - гуфт Қудратулло Ҳаитов, мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.
Ба гуфтаи ӯ, қонуни мазкур беш аз 30 навоварӣ  ва механизмҳои муосири танзимкунандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиётро муқаррар намудааст. Ташаккули низоми роҳандозии сайёҳии дохилӣ, устуворгардии иқтидори кишвар ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосири хизматрасонии намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва аз байн бурдани низоми мураккаби иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти сайёҳии дохилӣ дар қисматҳои алоҳидаи қонун дарҷ гардидаанд. Истифодаи ҳамаи ин имкониятҳо дар ибтидо ба таъсиси садҳо ҳазор ҷойи нави кор такон бахшида, ба пешрафти устувори иқтисодиёти кишвар сабаб мегардад.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорон дар рушди сайёҳии дохилӣ низ дар ин санад чанд муқаррарот пешбинӣ гардид. Тибқи он мақомоти маҳаллӣ барои соҳибкорони соҳаи сайёҳии дохилӣ имтиёзҳо муайян менамояд. Ташаббусҳои сармоягузорон барои ташкил ва бунёди инфрасохтори соҳа, маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ҳавасманд гардонда хоҳанд шуд.
Фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи низоми содагардондашуда танзим мегардад. Ғайр аз ин, тибқи қонун барои ташкили хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ имтиёзҳо дода мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои хизматрасонии сарироҳӣ қитъаҳои махсуси заминро ҷиҳати истифодаи оммавӣ ҷудо менамояд. Қитъаҳо дар ҳудуди муайян ва дар фосилаи ҳар 100 км - и шоҳроҳ ҷудо карда мешаванд. Дар ҳамаи ин қитъаҳо дар ҳудуди на кам аз 50 метри мураббаъ бинои болопӯшида бунёд меёбад. Намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, бахусус савдои маҳсулоти маишӣ, хӯрок ва ташкили нуқтаҳои тозагӣ ба истифодаи озод, ройгон (бе иҷора), вале мақсаднок ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳод мегарданд.
Барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, бахусус истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо тартиби содагардондашуда тибқи қонун ҷудо намудани қитъаи дахлдори замин, аз ҷумла барои коркард ва ё сохтмони иншооти зарурӣ аз ҳисоби биноҳои бекорхобида пешбинӣ шудааст. Дар муҳлати ду сол ройгон таъмин намудани бино ва толорҳои зарурӣ, ҷудо намудани субсидия ва ё қарзи бефоиз барои фаъолияти истеҳсолӣ ва такмили иқтидори истеҳсолӣ, то се сол додани имтиёз барои фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ, то панҷ соли аввали фаъолият аз санҷиш озод намудан, ба истиснои ҳолатҳои ошкор шудани ҳуқуқвайронкуниҳо имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.
Ташаккули инфрасохтор, баланд бардоштани фарҳанги сайёҳии шаҳрвандон, таъмини имконоти озод ва ҳавасмандии ҳуқуқӣ барои машғул гардидан ба хизматрасонии сайёҳӣ аз талаботи асосии ин соҳа мебошанд, ки дар қонуни мазкур ба таври мукаммал зикр гардидаанд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 1740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед