logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. СУД БОЗ ДУ НАФАРРО ГУНАҲГОР ДОНИСТ

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду сокини вилояти Хатлон -  Сулаймон Қурбонов ва Диловар Наимовро барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ айбдор намуда, дар ҳаҷми калон ҷарима таъйин кард.

Тафтишот муайян кард, ки Сулаймон Қурбонов ҳангоми дар вазифаи сержанти калони милитсияи ШКД дар ноҳияи Фирдавсӣ кор карданаш 12 апрели соли ҷорӣ бо ҳамкораш капитани милитсия Диловар Наимов маслиҳат карда, барои аз имтиҳони курси ронандагӣ гузарондани шаҳрванд Беҳрӯз Убайдов нақшаи бо роҳи фиреб, яъне бо суистифодаи боварӣ азхуднамудани маблағҳои пулиро тарҳрезӣ менамоянд. Баъди гирифтану байни худ тақсим кардани маблағи 4000 сомонӣ Беҳрӯз Убайдовро аз имтиҳони ронандагӣ гузаронда, шаҳодатномаи ронандагиашро дастрас мекунанд.
Сипас, Диловар Наимов дастгир шуда, аз дохили автомашинааш маблағи 4000 сомонӣ бо ҳуҷҷатҳои хатми курси ронандагии шаҳрванд Беҳрӯз Убайдов ҳамчун далели шайъӣ ёфта шуд.
Суд баъди баррасии парванда Сулаймон Қурбонов ва Диловар Наимовро бар пояи моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б,в,г,» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист. Нисбат  ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10 000 сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 1 сол таъйин карда шуд.
Раъно ИСКАНДАРЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 1295
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед