logo

ҳуқуқ

БОЗДОШТИ ЯК АДВОКАТ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ

Суди шаҳри Душанбе Равшан Холиқов, собиқ адвокати коллегияи адвокатҳои “Кафолат”- ро, ки қаблан низ барои қаллобӣ 9 сол маҳкум шудааст, такроран дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам кард.

Тавре маълум шуд, 12 майи соли 2016 шаҳрванд Б. Қушмуродов ба адвокатҳои Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” Равшан Холиқов ва А. Донаев дар хусуси дар марҳилаи кассатсионӣ ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои барои се нафар хешовандаш, ки бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 6 майи соли 2016 бо моддаҳои 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол таъйин шудааст, муроҷиат менамояд. Дар ин асос, шартнома барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба маблағи 4000 сомонӣ ба имзо расида, тибқи иҷозатнома Равшан Холиқов ва А. Донаев ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе ба манфиати маҳкумшудагони номбурда шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуданд.
Равшан Холиқов дар рафти баррасии шикояти кассатсионӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифодаи мақоми хизматӣ Б.Қушмуродовро бовар кунондааст, ки метавонад ба ивази 8 ҳазор доллари ИМА, ба воситаи шахсони масъули суд ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомониро тағйир дода, муҳлати адои ҷазои ҷиноятии хешовандонашро  кам намояд. Ӯ 15 майи соли 2016 дар назди чойхонаи «Роҳат» маблағи 4000 доллари ИМА ва моҳи июни ҳамон сол дар дохили бинои Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” маблағи боқимонда, яъне 4000 доллари дигарро бо роҳи қаллобӣ мегирад ва дар натиҷа ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бетағйир мемонад.
Судшаванда Равшан Холиқов дар маҷлиси судӣ худашро пурра айбдор ҳисобида, иқрор шуд, ки дар рафти баррасии шикояти кассатсионӣ аз фурсат истифода намуда, аз Б. Қушмуродов маблағи 8000 долларро ҳамчун пора гирифта, ба манфиати шахсияш сарф кардааст.
Равшан Холиқов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол ва озод шудан аз ҳуқуқи фаъолияти адвокатӣ ба муҳлати панҷ сол таъйин карда шуд. Ҳамчунин, суд ҳукм кард, ки аз Равшан Холиқов ба фоидаи шаҳрванд Б. Қушмуродов маблағи 8000 доллари ИМА рӯёнда шавад.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи
суди шаҳри Душанбе,
Раҷабалӣ АҲТАМ,
судяи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 1203
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед