logo

маориф

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОНИ ХУШТОЛЕИ ТОҶИК

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисони баландихтисос на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ чораҷӯиҳо карда, ҳар сол тавассути квота ва шартномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсили ҷавонон имкониятҳои зиёд фароҳам меоранд. Ман низ яке аз он ҷавонони хуштолеъ ҳастам, ки дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ таҳсил мекунам.

Муассисаи мазкур чанде пеш ба рӯйхати 10 беҳтарин донишгоҳи кишварҳои рӯ ба рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ (EECA – Emerging Europe & Central Asia) шомил шуд. Ин ҷо 18 ҳазор донишҷӯ ва магистр аз манотиқи гуногуни дунё дар риштаҳои мухталифи илм таълим мегирад.
Мо – донишҷӯёни тоҷик тавассути шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма аз дастоварду муваффақиятҳои тоҷикону тоҷикистониёни дохилу хориҷи кишвар огоҳӣ ёфта, хушҳол мешавем. Давтовардҳои онҳо моро низ ба ҷустуҷӯ ва илмомӯзӣ таҳрики бештар мебахшанд.
Асри илму техника имкон фароҳам овардааст, ки мероси гузаштагони халқи тоҷик бештар муаррифӣ шавад. Фарзандонаш ба чор сӯи олам роҳ кушода, паём мерасонанд. Дар Аврупову Амрико ва ё дар Қафқозу қаламрави Арабистон тоҷиконро мешиносанд, эътироф мекунанд, ки меросбари осори гаронмояи Хайёму Мавлоно ва Ҳофизу Саъдианд. Пажӯҳишгарону таърихнигорон решаҳои тоҷики ориётаборро меҷӯянду меомӯзанд. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо соли ҷорӣ дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид гузошта шудани Маҷмааи пайкараҳои Сино, Хайём, Закариёи Розӣ ва Ал - Форобӣ, дар Астрахани Русия гузошта шудани нимпайкараи Хайём, дар Амрико доир ба рӯзгор ва осори Мавлоно ба навор гирифтани филм ва дигар пайғомҳои неканд, ки,  албатта, фараҳбахшанд. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон дар радифи қадимтарин мардуми Осиёи Марказӣ қарор гирифта, собиқаи чандинасраи фарҳангсолорӣ, тамаддунсозӣ, маънавиятофаринӣ ва таҷрибаву оини давлатдории онҳо таваҷҷуҳи пажӯҳишгарону муаррихонро ҳамеша ба худ ҷалб кардааст».
Исмоил ҲУРМАТЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи миллии
Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 1280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед