logo

ҳуқуқ

ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР. ҚАРИБ ТАМОМИ КИШВАРҲО АЗ ТАВСИЯҲОИ ОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД

Дар таърихи инсоният санадҳои зиёди ҳифзкунандаву танзимкунандаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қонунҳои Хаммурапӣ, Ману, Фуҳӣ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, қонунномаи Сосониён ва дигарон ҳамчун сарчашмаҳои гаронбаҳои таърихӣ - ҳуқуқӣ арзи вуҷуд доштанд.
Дар миёни ҳама асноди даврони бостон, ки ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқи инсонро таҳти танзим қарор медоданд, нақш ва мавқеи Эъломияи ҳуқуқи Куруши Кабир, ки дар қарни панҷи пеш аз милод, пас аз фатҳи Бобул содир карда буд, хеле боарзиш аст. Бесабаб нест, ки тибқи андешаи мутахассисон санади мазкур ба сифати нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст.
Аз ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1939 - 1945) инсоният дарси сабақ омӯхта, ба хулосае омад, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати одамони кураи Замин созмоне таъсис дода шавад то инсониятро аз нестшавӣ ҳимоя намояд. Ҳамин тавр, 26  июни соли 1945 бо узвияти 50 давлати ҷаҳон Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расида, 24 октябри ҳамон сол расмият пайдо кард. Эъломияи умумии  ҳуқуқи башар яке аз санадҳои байналмилалии меҳварии СММ маҳсуб ёфта, он бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Ассамблеяи генералии СММ аз 10 декабри соли 1948  дар Париж қабул гардида, аз 30 модда иборат мебошад.
Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, ҷиҳати нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон давлатҳои аъзоро ҳушдор дода, озодии сухан, виҷдон ва эътиқодро эътироф намудааст. Дар он зикр гардидааст, ки ҳуқуқҳои инсон бояд аз ҷониби давлатҳо ҳимоя шаванд ва онҳо аз зулму ситам ва муносибатҳои норавою ғайриинсонӣ эмин бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Эъломия ду паймон барои аъзои СММ қабул гардид: Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Соли 1950 СММ қарор қабул кард, ки рӯзи қабули Эъломия ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон дониста шавад. Ҳар сол 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
Дар Эъломия меъёрҳо ва қоидаҳое вуҷуд доранд, ки дигар давлатҳо онҳоро метавонанд дар қонунгузории худ истифода баранд. Тақрибан 90 Конститутсияи давлатҳои ҷаҳон пас аз соли 1948 аз тавcияи асосҳои ҳуқуқи инсони Эъломия истифода бурданд. Дар бистсолаи охир бисёре аз давлатҳо дар роҳи демократисозии ҷомеа дар конститутсияи худ ҳуқуқҳои инсонро мустаҳкам намудаанд. Мисол, дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.  
Дар моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қайд шудааст, ки тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 2071
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед