logo

ҳуқуқ

ВАНҶ. КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ АЗ ШАРОИТҲОИ МУСОИД БАРХӮРДОРАНД

Пеш аз соҳибистиқлолӣ ба даст овардани Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ  дар биноҳои куҳна ва қисман садамавӣ, ки  ҳанӯз дар даврони шӯравӣ, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  ва солҳои 50 - уми қарни гузашта сохта шуда буданд, фаъолият менамуданд.

Хушбахтона, ҳоло  вазъият тамоман дигар аст ва мушкилоти  ҷойдошта ҳалли пурраи худро ёфтаанд. Ба гуфтаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, полковники милитсия Зикриёзода Ҷӯрахон Гадохоҷа бо дастгириву ғамхориҳои пайвас-таи роҳбарияти олии мамлакат барои  кормандони  онҳо чун дигар ҳамкоронашон аз шаҳру навоҳии Бадахшон тамоми шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шудаанд. Бинои шуъба азнавсозӣ  ва таъмир шуда, кормандон  аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо нақлиёти нав ва дигар воситаҳои зарурии  ташхиси амалиётҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ таъмин гардидаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом ду сол муқаддам, дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлат ба  ин водии баландкӯҳ  бинои зершуъбаи корҳои дохилӣ дар деҳаи Будун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо нақлиёт таъмин гашт.
Боиси тазаккур аст, ки тайи солиёни тӯлонӣ сокинони ноҳия барои  гирифтани  шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо ба шаҳри Хоруғ мерафтанд, ҳоло бошад, онҳо дар муҳлати  кӯтоҳтарин шиносномаҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷиро дар  худи ноҳияи Ванҷ ба осонӣ дастрас менамоянд.  Бартар аз ин, акнун сокинони Ҷамоати деҳоти Язгулом имкон доранд дар назди зершуъбаи милитсия соҳиби  ҳуҷҷатҳои зарурӣ гарданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1384
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед