logo

номаҳо

ПӮСТУ ПАШМИ ЧОРВО ЧУН ГӮШТИ ОН АРЗИШ ДОРАД

Ашёи чармии аз ҷиҳати экологӣ тоза имрӯзҳо дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд касб намудааст. Чунки талабот ба пойафзолу чамадон аз пӯсти чорво торафт меафзояд. Ҳатто ҷавонон ба  рӯйпӯши чармии  солуни автомобил ҳаваси зиёд доранд. Аз ин лиҳоз, истифода аз имкониятҳо, хусусан саршумори зиёди чорво дар мамлакат, дар самти истеҳсоли маҳсулоти чармӣ тақозои замон аст.
Аммо бисёри шаҳрвандон баъди забҳи чорво гӯшташро дар як лаҳза пухта истифода мебаранд, вале ба коркарди пӯсту пашми он эътибор намедиҳанд. Он дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мегардад. Айни замон аз музофоти Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар натиҷаи коркарди пӯстҳои чорвои мардуми мо пойафзолҳои гуногуннавъ истеҳсол гардида, бо нархи даҳчанд ба тоҷирони тоҷик фурӯхта мешавад. Мо онро дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар дида, ангушти ҳайрат мегазем.
Ҳол он ки аз пӯсти як гӯсфанди забҳшуда ду - се  сумкаи мактабӣ ва ё ду курткаи чармии аълосифат омода сохтан мумкин аст. Пӯсти  як сар чорвои калони шохдор барои тавлиди даҳҳо пойафзол ва тӯпҳои чармӣ имконият медиҳад. Дар ин маврид аз ҷиҳати манфиати иқтисодӣ пӯсту пашми чорво метавонад чун  гӯшти он самар диҳад. Пас чаро, ки маҳсулоти ватании худамонро истеҳсол накунем?
Барои дар партовгоҳҳо зоеъ нашудани пашму пӯсти ватанӣ роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро месазад, ки  мувофиқи барномаҳои қабулкардаи  Ҳукумати кишвар пашму пӯсти молҳои забҳшударо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва  аз мардум онро харида, барои коркард ба қабулгоҳи махсус супоранд.  Дар интиҳои сухан гуфтаниам, ки: мо аз дигарон камӣ надорем. 
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед