logo

ҳуқуқ

ҚУБОДИЁН. 38 НАФАР АЗ ТАҲСИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ БАРГАРДОНДА ШУД

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳолати қонуншиканиро ошкор карда, аз ин ҳисоб ба маблағи 43500 сомонӣ ҷарима рӯёнда ва, инчунин, 78 ҳолати дигар бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ гардидааст.
Тавре Саъдулло Неъматов, масъули бахш оид ба корҳои дини ноҳия, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ҳамзамон баҳри дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва  соҳибкорону шахсони саховатпеша тӯйи хатнасури 142 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва тӯйи домодию арӯсии 13 ҷуфт гузаронда шуд.
Аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия дар ин давра 48 маротиба рейдҳои муштарак гузаронда, 399 маъракаи шаҳрвандон назорат шудааст.
Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
 Бинобар сабаби риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”  нисбат ба шахсоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд 12 мавод тартиб дода, ба маблағи 4450 сомонӣ ҷарима гардиданд.
Бо назардошти иҷирои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2013 “Оид ба паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон”, инчунин, барои баргардондани донишҷӯёне, ки ғайриқонунӣ аз ноҳияи Қубодиён дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, барои фаро гирифтани онҳо бо таҳсил ва таъмин намудан бо ҷои кор дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз 55 нафар шаҳрванди ноҳия, ки ғайриқонунӣ барои таҳсил бо хориҷи кишвар рафта буданд, 38 нафарашон ба Ватан баргардонда шуда, нисбат ба 13 нафари дигар чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ш. ЛАШКАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1255
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед