logo

ҳуқуқ

САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ

Қабули як қатор санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2019» ва дигар санадҳои дахлдори соҳа аз ҷумлаи он асноди меъёрию ҳуқуқие мебошанд, ки таҷассумгари пешравии соҳа дар замони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.
Имрӯз дар фаъолияти кормандони мақомоти мазкур дигаргуниҳои куллӣ, аз ҷумла дар соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии таваллуд ва ивази ному насаб, ки аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои дахлдори қонунҳои амалкунандаи соҳа бармеоянд, рӯи кор омаданд. Тибқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба фарзандаш баъди таваллуд тибқи арзишҳои миллӣ ному насаб интихоб намояд. Барои пурра амалӣ гардидани талаботи моддаи мазкур тамоми шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо феҳристи номҳои тоҷикӣ таъмин гардидаанд.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки тибқи арзишҳои миллӣ ному насабашро иваз намояд, ба фарзандонаш ному насаби миллӣ гузорад. Дар тағйироти воридгардида ба қонунҳои мазкур никоҳи хешутаборӣ манъ карда шудааст. Никоҳшавандагон дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ба таври ройгон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ аз соли 2014 то соли 2017 дар самти амалӣ гардондани талаботи бандҳои дахлдори барномаи мазкур як қатор корҳои муфиди соҳавиро ба сомон расондааст. Аз ҷумла, сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони соҳа – мудирони шуъба, бахшҳои раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, мутахассисони соҳа дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва дастгоҳи марказии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тариқи бозомӯзӣ ва гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос баланд бардошта шуд. Имрӯз тамоми сардорон ва мудирони шуъба ва бахшҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, қисмати ками онҳо дар арафаи хатми мактабҳои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносии кишвар қарор доранд.
Дигар талаботи Барномаи рушди соҳа ин гузаштан ба Низоми ягонаи бақайдгирии электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Айни замон, дар тамоми шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо бақайдгирии электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бомуваффақият идома дорад ва доир ба корҳои ба анҷом расондашуда дар ин самти фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти марбута пурра ба роҳ монда шудааст.
Дар заминаи талаботи ин барнома, ҳамчунин, дастгоҳи марказии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тамоми шуъбаҳо ва бахшҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо техникаи муосири электронӣ ва ди гар таҷҳизоти техникии зарурии соҳа муҷаҳҳаз ва таъмин гардидаанд. Инчунин, сардорон ва мудирони тамоми шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсат дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мутахассисони мақомоти мазкур, ки наздик ба 90 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд, аз курси омӯзиши назариявӣ ва амалии дастгоҳи электронии бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронда шуданд. Ҳамаи онҳо соҳиби шаҳодатнома (сертификати) - и ҳуқуқи бақайдгирии электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошанд.
Дар ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту корхонаҳо, ҷиҳати ташкили «Равзанаи ягона» - нуқтаи ягонаи қабули шаҳрвандон, вохӯрӣ бо шаҳрвандон ташкил карда шудааст. Дар вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолӣ талаботу меъёрҳои муайяннамудаи санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла вобаста ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги оиладории шаҳрвандон, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар ҷомеа тарғибу ташвиқ  ва ба мардум ёрии ҳуқуқӣ дода мешавад.
Ҳамин тавр, омӯзиш ва пешрафти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз замони пайдоиши аввалини муносибатҳои никоҳ ва оила, танзими муносибатҳои оилавӣ, муқаррар намудани аслу насаби кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои  тарафайн ва дигар аъзоёни оила нишон медиҳад, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи муҳиму назаррасро ишғол менамояд. Вобаста ба ин, фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ба амал бароварда, дар самти ба танзимдаровардани вазъи демографӣ, ба расмият овардани ҳолатҳои аҳамияти ҳуқуқидошта ва нисбати онҳо додани хислати сабти ҳуқуқӣ, эътимоднок ва тасдиқ намудани ҳолати шаҳрвандии шахс нақши калидиро иҷро менамояд.
Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар фаъолияти рӯзмарраи худ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан хизмат менамояд.
Саодат  СИРОҶЗОДА,
сардори раёсати асноди ҳолати
шаҳрвандии  Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1927
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед