logo

ҳуқуқ

РОҲЗАНӢ СЕ НАФАРРО БА ЗИНДОН БУРД

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини пойтахт - Дилшод Асалов, Машраб Розиқов ва Парвиз Холовро дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Судшаванда Дилшод Асалов 21 январи соли равон бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар кӯчаи  40 - солагии Ғалаба, шаҳрванд  Р. Азизовро, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, бо корд зада, аз ӯ 2800 сомонӣ гирифта, бо рафиқаш Машраб Розиқов  тақсим мекунад. 30 январи соли ҷорӣ онҳо, бо маслиҳати пешакӣ, дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт шаҳрванд А.Ғафуровро низ, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, таҳдид карда, аз ӯ маблағи 3500 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба ин қаноат накарда, Дилшод Асалов 28 феврали ҳамин сол бо рафиқаш Парвиз Холов барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба автомашинаи тамғаи Опел Астра, рақами қайди давлатиаш АМ 74 - 18 03, савор шуда, олоти халандаро ба гардани ронанда гузошта, аз ӯ 300 сомонӣ ва як адад телефони мобилии арзишаш 640 сомониро тасарруф мекунанд. Номбурдагон кирдорҳои ҷинояткоронаи худ-ро давом дода, 3 марти соли ҷорӣ аз ронандаи автомашинаи тамғаи Нексия, рақами қайди давлатиаш ВК 77 - 94 01, ки ба Н. Назаров  тааллуқ дорад, бо роҳи зӯроварӣ 300 сомонӣ ва як адад телефони мобилиро гирифта, фирор мекунанд.
Суд баъди баррасии парванда Дилшод Асаловро бо дастрасии моддаҳои 249 қисми 4 банди «а», 32 қисми 1 - 249 қисми 4 бандҳои «а,б» ва 252 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати ҳабдаҳ солу шаш моҳ равонаи зиндон кард. Машраб Розиқов бо даст-расии моддаҳои 249 қисми 2 бандҳои «а,б», 32 қисми 1 - 249 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ  ба муҳлати ҳаждаҳ сол ва Парвиз Холов бошад, тибқи моддаҳои 249 қисми 3 банди «а» ва 252 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати чордаҳсолу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1224
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед