logo

маориф

ТОҶИКОБОД. БОЗ ЯК МАКТАБИ НАВ БУНЁД ГАРДИД

Вобаста ба зиёд шудани аҳолии кишвар ҳамасола дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ зарурати сохтани муассисаҳои наву замонавии таълимӣ ба миён меояд. Бинобар ин, рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он барои беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ барои хонандагон нигаронда шудааст. Муассисаҳои таълимие, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд, куҳнаю фарсуда гашта, дигар ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи Ҳукумати ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила муассисаҳои таълимии нав ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Яке аз чунин муассисаҳо таълимгоҳи № 12 - и ноҳияи Тоҷикобод мебошад, ки соли 1980 сохта шуда, аз 13 синфхона иборат буд. Он солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Вобаста ба фарсуда гаштани бино ва тангии синфхонаҳояш дар кори таълиму тарбия мушкилоти зиёде эҷод менамуд. Хонандагон аз нарасидани ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо фармоиши Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва бо ҷалби сармоягузории Бонки олмонии рушд хонандагони муассиса соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Барои сохтмони муассисаи нави таълимӣ 1 миллиону 852 ҳазору 109 сомонӣ масраф гардид. Аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ низ ба маблағи зикршуда 2 дарсад илова карда шуд.
Дар маросими ба истифода супурдани бинои нави муассиса Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, Фатҳиддин Усмонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Найтхарт Хёфер – Виссинг, сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат арзи сипос намуда, бинои мазкурро дар арафаи Соли нави милодӣ  ҳамчун туҳфаи беҳтарин қабул намуданд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 384 нафар хонанда дар ду баст  пешбинӣ гардидааст. Он аз 8 синфхона, хонаи муаллимон ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад. Бунёди бинои мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ғайрат» дар муддати як сол ва бо сифати баланд ба анҷом расонид.
Қобили зикр аст, ки хонандагон баробари соҳиби бинои нав гардидан, бо таҷҳизоти зарурии гармидиҳӣ ва маводи сӯзишворӣ таъмин шуданд. Муассиса аз ҳисоби ташкилоти мазкур ҷиҳати зимистонгузаронӣ пурра бо ангишт таъмин карда шуд.
Хонандагони муассиса дар синфхонаҳои гарму барҳаво ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар фазои сулҳу осоиш шукри истиқлоли Ватан ва Пешвои муаззами миллати худро менамоянд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1291
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед